ХАБАРИ ДОҒ

Аз Толлер то «Эъломияи Виндхук»

  • Чоршанбе, Май 12 2021


3.05.1919. Охирон нишасти ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Бавария. Ин Ҷумҳурии шӯравӣ таҳти таъсири бевоситаи инқилоби болшевикии Русия 13.04.1919 таъсис ёфт. Ба аввалин ҳукумати ҶШБ драматург, сиёсатмадор, носир, сенариянавис, шоир, адвокати немис Эрнст Толлери 25-сола сарварӣ мекард.
3.05.1957. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумат бештари колхозҳо ба совхозҳо табдил дода шуданд.
3.05.1991. Дар пойтахти Намибия-шаҳри Виндхук ҳуҷҷате ба имзо расид, ки бо "Эъломияи Виндхук" маъруф шуд. Он аз тамоми ҳукуматҳои кишварҳои дунё даъват мекард, ки озодии матбуот ва хусусияти демократии онро таъмин намоянд. Ин рӯз бо қарори ЮНЕСКО чун Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад.
4.05.1946. Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) бо қарори худ дар кишвар Нашриёти давлатии адабиёти хориҷӣ ва китобхонаҳои адабиёти хориҷиро роҳандозӣ кард.
4.05.1960. Шӯрои Вазирони СССР қарор "Оид ба тағйири меъёри қимматҳо ва иваз кардани пули ҷорӣ бо пули нав"-ро ба имзо расонид. Тибқи ин қарор 1.01.1961 дар СССР пули нав ҷорӣ ва нархҳо 10 баробар поин оварда шуданд.
4.05.1990.Шӯрои Олии РСС Латвия шомил шудани Латвияро ба СССР зери танқиди сахт гирифта, барқарор шудани соҳибистиқлолии ин кишварро эълон кард.
5.05.1912.Аввалин шумораи рӯзномаи "Правда" рӯи чоп омад. Ин рӯз то декабри с.1991 дар СССР ва кишварҳои хориҷии сотсиалистӣ чун Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешуд.
5.05.1949.Дар пойтахти Англия-шаҳри Лондон Низомномаи Шӯрои Аврупо ба имзо расид.

Маркази Шӯрои Аврупо ва ташкилотҳои идории он шаҳри Страсбург интихоб карда шуд. Ин рӯз дар Аврупо чун “Рӯзи Аврупо” ҷашн гирифта мешавад.
6.05.1990.Ҷумҳурии Шӯравии Молдавия марзи давлатиашро бо Руминияи ҳамнажоду ҳамзабон боз кард.

7.05.1934. Дар вилояти Амури СССР бо қарори Иосиф Сталин Вилояти мухтори яҳудӣ таъсис дода шуд. Маркази вилоят шаҳри Биробиджан таъин гардид.
7.05.1985.Шӯрои Вазирони СССР қарор "Оид ба чораҳои бартараф кардани бадмастӣ ва шаробхорӣ ва решакан кардани самагонпазӣ"-ро ба тасвиб расонид. Ин қарор миёни мардум эътирози зиёдеро ба бор овард ва буҷаи СССРро аз даромади ҳангуфт маҳрум намуд.


7.05.1988. Дар Маскав маҷлиси муассисии "Иттиҳоди демократӣ" доир гардид. Ин ташкилоти нав аввалин ҳизби сиёсии ба ҲКИШ мухолиф буд ва Валерия Наводворская ба он сарварӣ мекард.
8.05.1945.Соати 2:41 дақиқаи шаб, дар Реймси Олмон санади таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид. СССР ва иттифоқчиёнаш дар ҷанг пирӯз гардиданд.
9.05.1945. Дар фурудгоҳи марказии ба номи Фрунзеи Маскав тайёраи Ли-2 ба замин нишаст. Сарнишини тайёра Алексей Иванович Семенков ба Маскав санади таслими Олмонро ба Маскав овард.

 

Меҳрубон
Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter