10.05.1932. Дар заводи "Коминтерн"-и Ленинград 20 телевизори нахустини шӯравӣ истеҳсол карда шуданд.
10.05.1933.Дар пойтахти Олмони фашистӣ китобсӯзии бузург иттифоқ уфтод. Пайравони Фюрер садҳо ҳазор ҷилди кутуби Гейне, Ремарк, Хэменгуэй, Фейхтвангер ва дигар нависандагонро дар донишгоҳи Берлин ба оташ кашиданд.
10.05.1940.Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ, зидди нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар рафти ҳуҷум, немисҳо бори аввал тактикаи нави худ "Блитскриг" (“Ҷанги барқосо”)-ро истифода бурданд. Ҳуҷум бисёр бобарор буд ва дар 1 моҳ немисҳо тавонистанд Ҳолланд, Белгия ва Фаронсаро ишғол намоянд.
11.05.1939.Оғози даргириҳо дар Халхин-Гол. Ҷанги миёни аритиш японҳо аз 1 сӯ ва нерӯҳои муттаҳидаи Артиши Сурх ва Муғулистони шӯравӣ аз сӯи дигар. Дар Халхин-Гол бори аввал ситораи маршали ояндаи шӯравӣ Г.Жуков дурахшид. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ тавонистанд ба японҳо шикасти сахт ворид кунанд ва орзӯи ҷангидан бо СССРро барои ҳамеша аз сарашон дур андозанд.
11.05.1944.Бо Қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа тоторҳо, булғорҳо ва юнониён аз Қрим ба навоҳии дигари Шӯравӣ бадарға шуданд.
11.05.1955.Дар пойтахти Полша-ш.Варшава машварати намояндагони 8 кишвари шӯравии аврупоӣ (СССР, Албания, Болгария, Венгрия, ГДР, Полша, Руминия) оид ба таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир шуд. Дар ин машварат тарафҳо қарор доданд, миёни ҳам созишномаи ҳамкорӣ банданд. Созишномаи байни кишварҳо 14 май ба имзо расида, бо Созишномаи Варшава маъруф шуд.
12.05.1944. Артиши Сурх дар рафти ҶБВ нимҷазираи Қримро пурра аз тасарруфи немисҳо озод кард.
13.05.1921.Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони халқӣ (ШКХ) хонаҳои истироҳатӣ роҳандозӣ шуданд. Дар ин хонаҳо меҳнаткашони шӯравӣ бо оилаҳояшон дам мегирифтанд.
13.05.1934.Дар Маскав аввалин нишасти комиссия оид ба қабули аъзо ба Иттиҳоди нависандагони шӯравӣ оғоз шуд. Билети аъзогии №1 ба М.Горкий супорида шуд.
14.05.1917.Дар ш.Маскав Анҷумани 1-и умумирусиягии мусалмонон ифтитоҳ ёфт. Дар Анҷуман беш аз 800 вакил, ки ҳизбу ташкилотҳои гуногунро намояндагӣ мекарданд, ширкат варзиданд.
15.05.1932.Дар СССР бо Декрети ҳукумат ва имзои Сталин "панҷсолаи бехудоӣ" эълон шуд. Тибқи нақша дар муддати 5 сол, то 1.05.1937 номи Худо мебоист дар СССР пурра ба фаромӯшӣ супорида мешуд.
15.05.1943.Ҳукумати шӯравӣ расман Коминтерн (Интернатсионали 3)-ро пароканда намуд.
16.05.1943. Нерӯҳои олмонӣ дар рафти ҶБВ бузургтарин амалиёти зидди партизанҳо "Барони лӯлиҳо"-ро дар Украина ва Белоруссия амалӣ намуданд.
16.05.1966. Дар нишасти Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин Мао Дзедун қарор дод, дар кишвари Чин "инқилоби маданӣ"-ро роҳандозӣ кунад.
Меҳрубон
Салимшоев