13.06.1918.Дар шаҳри Перм аз ҷониби болшевикон, князи бузург Михаил Романов дуздида, баъдан пинҳонӣ ба қатл расонида шуд. Болшевикон дар симои княз, ки бародари императори собиқ Николайи 2 буд, барои ҳукумати худ хатар эҳсос мекарданд. Қатли ӯ аввалин куштор аз силсилакушторҳои хонадони Романовӣ ба шумор меравад, ки тавассути болшевикон анҷом гирифта буд.
13.06.1918.ШКХ дар Русияи Шӯравӣ барои роҳбарии мубориза бо исёни чехҳои сафед Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет)-ро таъсис дод.
13.06.1944. Аввалин бомбаборони мушакии Лондон-пойтахти Англия аз ҷониби Олмон. Мушакҳои немисии "V-1" ва "Фау-1", ки онҳоро "тайёра-тир" ҳам меномиданд, аз соҳили Фаронса ба Лондон партоб шуданд.
13.06.1955. Дар СССР бузургтарин ва машҳуртарин кони истихроҷи алмос "Мир" дар Ёқутистон кашф карда шуд.
14.06.1919. Кишварҳои созмони Антанта адмирал Александр Колчакро ба ҳайси ҳокими олии Русия эътироф намуданд.
14.06.1939. Дар СССР илми генетикаро хилофи диалектикаи марксистӣ эълон карданд ва тадриси он дар қаламрави СССР манъ гардид.
14.06.1941.Дар РСС Латвия, Литва ва Эстония, ки чанде қабл шомили СССР шуда буданд, табъиди оммавии мардум ба Сибир оғоз шуд. Мардумро оилавӣ ба Сибир бадарға мекарданд. Ин рӯз дар ин кишварҳо, чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни низоми коммунистӣ ҷашн гирифта мешавад.
15.06.1930.Дар ш.Ростов сохтмони корхонаи истеҳсоли мошин барои хоҷагии қишлоқ (Ростселмаш) ба итмом расид. Ин корхона то охири мавҷудияти СССР бузургтарин корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ будӣ.
15.06.1958.Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон сохтмони шаҳри академикии Новосибирск сар шуд. Ин шаҳр яке аз бузургтарин марокизи илмии собиқ Шӯравӣ буд.
15.06.1983. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ "барои хатоиҳои содиркарда" вазири ВКД Н.А.Шёлоков ва котиби аввали ҳизбии вил.Краснодар С.Медуновро аз ҳайъати КМ берун кард.
16.06.1918. Епископи калисои рус-Гермоген аз ҷониби болшевикон дастгир ва ба дарёи Тура партофта шуд. Ӯ аз наздикони хонадони императорӣ ва яке аз дӯстони наздики Григорий Распутин буд.
16.06.1963.Дар СССР якумин зани кайҳонавард В.Терешкова бо киштии кайҳонии "Восток-6" ба фазои кайҳонӣ баромад.
17.06.1924. Дар ш.Маскав кунгураи 5-уми Интернатсионали Коммунистӣ (Коминтерн) ифтитоҳ ёфт.
18.06.1917.Эътирози сиёсӣ ва гирдиҳамоиҳо дар Петроград. Он боиси буҳрони Ҳукумати муваққат шуд, ки дар таърихнигорӣ бо "буҳрони июнӣ" маъруф аст.
19.06.1920.Дар Русия бо қарори ШКХ Комиссияи фавқулоддаи умумирусиягӣ барои маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.
20.06.1918.Дар Петроград яке аз болшевикони боистеъдод ва собиқадор В.Володарский аз ҷониби эссерони рост ба қатл расид. Куштори ӯро бисёриҳо яке аз зиминасозии террори сурх унвон мекунанд.
Меҳрубон
Салимшоев