ХАБАРИ ДОҒ

Аз бими Сталин то хоҳиши Тито

  • Чоршанбе, Сен 04 2019

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР немисҳое, ки дар навоҳии назди Волга сукунат доштанд, ба манотиқи дурдасти кишвар кӯчонида шуданд. Сабаби ин кор ҳуҷуми Олмон ба СССР гашт ва Сталин бим дошт, ки немисҳои назди Волга бо немисҳои Олмон мепайванданд.

29.08.1938. Дар СССР хониши ғоибона дар макотиби олӣ ҷорӣ карда шуд.

29.08.1939. Дар СССР аввалин шумораи "Маҷаллаи ҳарбӣ-таърихӣ" рӯи чоп омад, ки яке аз беҳтарин нашрияҳои соҳавӣ будӣ.

29.08.1949. Дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон озмоиши якумин бомбаи атомии шӯравӣ доир шуд. Аз ин ба баъд СССР низ соҳиби силоҳи атомӣ гардид.

29.08.1949. Роҳбари Югославия Броз Тито барои рафъи пасомадҳои таҳримҳои иқтисодии СССР аз ИМА кӯмаки молӣ хост ва амрикоиҳо ҳам ба Югославия кумак карданд.

30.08.1918. Дар Маскав эссерзан Фаннӣ Каплан ба ҷони роҳбари ҳукумати Шӯравӣ, В.Ленин суиқасд анҷом дод. Ӯ сахт захмӣ шуд, лек зинда монд. Дар Петроград бошад худи ҳамин рӯз шоир Леонид Иоакимович Каннегисер сардори ЧК-и ин шаҳр Моисей Соломонович Уритскийро кушт. Ин кушторҳо боиси амалкарди ҷавобии Ҳукумати шӯравӣ шуд, ки дар таърихнигорӣ аз он ба "террори сурх" ёд мешавад. 

30.08.1935. Дар Маскав Кунгураи VII-и Коминтерн доир шуд. Дар он коммунистон ва сотиал-демократҳо қарор доданд, зидди фашизм бо ҳам муттаҳид гарданд.

30.08.1963. Бо мақсади коҳиш додани хавфи вуқӯи ҷанги атомӣ миёни Маскав ва Вашингтон хаттӣ мустақими телефонӣ гузаронида шуд.

31.08.1920. Дар корхонаи "Красное Сомово"-и Маскав аввалин тонки шӯравӣ сохта шуд. Ин тонки навъи М (Ренои Русӣ) номи доҳии пролетарҳо-"Муборизи инқилоб рафиқ Ленин"-ро гирифт.

31.08.1925.Дар СССР эъломия бобати таҳсили оммавии ибтидоӣ қабул карда шуд.

 

31.08.1935. Ангишткани донбассӣ Алексей Стаханов меъёрӣ рӯзонаи истихроҷи ангиштро 14 маротиба афзуд. Ин кори ангишткан боиси оғози "ҳаракати стахановӣ" дар СССР шуд.

31.08.1939. Немисҳо ҳуҷуми полкҳоро ба нуқтаи радиоии худашон дар шаҳраки Гливитс тарроҳӣ ва амалӣ карданд, то барои ҳуҷум ба Полша мадраке дошта бошанд. 

1.09.1919. Дар Русия аввалин мактаби давлатии синамо дар ҷаҳон ифтитоҳ ёфт. Он ҳанӯз ҳам фаъол ва чун Донишкадаи давлатии синамо ба номи А.С.Герасимов маъруф аст.

1.09.1939. Нерӯҳои Артиши олмонӣ марзи Полшаро убур карданд ва ҶБВ оғоз шуд.

1.09.1991. РСС Узбакистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин рӯз ҳамасола дар ин кишвар чун Рӯзи истиқлолият васеъ ҷашн гирифта мешавад.

2.09.1945. Ҳукумати Япония дар саҳни киштии амрикоии "Миссурӣ" акти таслими бечунучарои худро имзо намуд ва бо ҳамин ҶБВ хотима ёфт.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter