ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Рейс то декрети террор

  • Чоршанбе, Сен 11 2019

4.09.1937. Дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария яке аз роҳбарони Коминтерн И.Рейс аз ҷониби ҷосусони НКВД ба қатл расид. Ӯ қаблан изҳор дошт, ки бо Сталин робитаашро қатъ ва аз Тротский ҷонибдорӣ мекунад.

4.09.1945.Дар СССР Кумитаи давлатии мудофиа фаъолияташро қатъ кард. Ин Кумита дар оғози ҷанг таъсис ёфта, ба он шахсан Сталин сарварӣ мекард.

4.09.1962.Оғози буҳрони Кариб: Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ роҳбари Куба Фидел Кастроро гӯшзад кард, ки ба ҳар иқдоми ҳарбии Куба посух хоҳад дод. Худи ҳамон рӯз Маскав низ ба амрикоиҳо гуфт, ки Кубаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

5.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет бобати оғози террори сурхро ба тасвиб расонид.

5.09.1929. КМ ВКП(б) қарор "Бобати чораҳои батанзимдарории истеҳсолот ва ҷорӣ намудани якмудириятӣ"-ро қабул кард. Агар пештар корхонаро 1 роҳбарияти сегона (мудир, котиби ташкилоти ҳизбӣ ва раиси иттифоқи касаба) роҳбарӣ мекарданд, баъди қарор нақши калидиро котиби ташкилоти ҳизбӣ касб кард. Аз ин ба баъд, мансабҳои роҳбарикунандаро дар корхонаҳо танҳо аъзои ВКП(б) метавонистанд ишғол кунанд.

5.09.1940. Дар рӯзномаи "Пионерская правда" повести машҳури Аркадий Гайдар "Темур ва командаи ӯ" чоп шуд. 

5.08.1983. Кишварҳои Ғарбӣ парвози тайёраҳои ширкати "Аэрофлот"-ро ба ҳудуди худ таҳрим карданд. Таҳрим 14 рӯз идома ёфта, сабабаш суқути ҳавопаймои Кореяи ҷанубӣ (Боинг-747) дар наздикиҳои ҷазираи Сахалин шуд.

5.09.1991.Дар Маскав Анҷумани вакилони мардумии СССР доир шуд. Анҷуман Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро қабул карда, қарор бобати омодасозии имзои Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои соҳибистиқлол ва Қонун дар бораи Идоракунии давлатӣ дар давраи гузаришро ба тасвиб расонид.

 

6.09.1936.Дар СССР унвони фахрии "Артисти халқии СССР" роҳандозӣ шуд. Аввалин соҳибони унвон С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалов ва И.Мосвин шуданд. Охирин бор бошад ин унвон с.1991 ба Алла Пугачева ва Олег Янковский дода шуд.

6.09.1940. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО Комиссариати Халқии Назорати Давлатӣ созмон дода шуд.

7.09.1928.Дар СССР ордени Байрақи Сурхи Меҳнатӣ таъсис ёфт.

8.09.1941. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ шаҳри Ленинградро ба муҳосира гирифт. Муҳосира 3 сол идома ёфт. 

8.09.1944.Якумин истифодаи ҷангии мушаки олмонии Фау-2. Инҳо, ки силоҳи интиқом ном гирифт, аз соҳили Голландия ҷониби Лондон ва Париж партоб шуданд.

9.09.1970. Оғози истеҳсоли мошини нави сабукрав "ВАЗ-2101" дар СССР, ки бо "Жигулӣ" маъруф шуд.

9.09.1991. Эълони истиқлолияти давлатии РСС Тоҷикистон. Ин рӯз дар кишвари мо чун Рӯзи истиқлолият ҳамасола васеъ ҷашн гирифта мешавад.

10.09.1941. Анҷоми муҳорибаи Смоленск дар рафти ҶБВ.

11.09.1944. Нерӯҳои артиши амрикоӣ дар рафти Ҷанги ҷаҳонии 2-ум аввалин шуда миёни нерӯҳои иттифоқчӣ ба хоки Олмон даромаданд.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter