20.09.1990. РСС Украина Эъломияи соҳибистиқлолии худро қабул намуд.
20.09.1990. Ҷумҳурии мухтори Осетияи Ҷанубӣ эълон намуд, ки аз Гурҷистон ҷудо мегардад. Ин ҷудошавӣ ба ҷанги осетину гурҷӣ мунҷар шуд, ки яке аз аввалин ва хунинтарин даргирӣ байни миллатҳо дар собиқ СССР ба шумор мерафт.
21.09.1920. Шӯрои Комиссарони халқии РСС Украина бо қарори худ, таълими ҳатмии забони украиниро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ намуд.
21.09.1949. Роҳбари коммунистони Чин - Мао Дзэдун кишварашро Ҷумҳурии Халқӣ эълон намуд.
21.09.1973.Дар СССР Академияи Вазорати Корҳои Дохила таъсис дода шуд.
22.09.1921.Латвия, Литва ва Эстония ба Лигаи Миллатҳо (СММ) пазируфта шуданд.
22.09.1939.СССР ва Олмони фашистӣ сарҳадоти давлатии худро дар Полша тариқи рӯдхонаи Висла муайян карданд.
22.09.1991. Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби коммунист мамнӯъ эълон карда шуд. Албатта ин мамнӯъият ҳамагӣ 1 рӯз идома ёфт ва 1 рӯз пас парлумони кишвар қарори мамнӯъияти Ҳизби коммунистро бекор ва Қадриддин Аслоновро аз мансабаш сабукдӯш кард. Ба ҷои Аслонов коммунист Раҳмон Набиев сарвари Тоҷикистон таъин карда шуд.
23.09.1922.Иосиф Сталин дар рафти муҳокимаи барпошавии СССР лоиҳаи худро, ки "мухторикунӣ" (автономизатсия) ном дошт, барои муҳокима ба ШКХ пешниҳод намуд. Тибқи лоиҳаи ӯ ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ворид ва тобеъи РСФСР мешуданд. Аммо В.Ленин ин лоиҳаро рад кард ва СССР дар шакли дигар барпо карда шуд.
23.09.1989.РСС Қазоқистон забони қазоқиро забони давлатии кишвар эълон кард.
23.09.1991. Арманистон истиқлоляти давлатии худро эълон намуд.
24.09.1938.Ҳавонавардзанони шӯравӣ бо сарварии Валентина Степановна Гризодубова барои аввалин бор парвози мустақим аз Маскав ба Владивостокро анҷом доданд. Барои ин парвоз занон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ гардиданд.
24.09.1990. Роҳбари СССР Михаил Горбачев барои гузаронидани кишвар ба иқтисоди бозорӣ ваколатҳои фавқулоддаро касб кард.
25.09.1986. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР майори хизмати дохилӣ Леонид Петрович Телятников, лейтенантҳои хизмати дохилӣ Виктор Николаевич Кибенок ва Владимир Павлович Правик (пас аз марг) барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ ҳини бартараф кардани садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил бо унвони Қаҳрамони СССР сарфароз гардиданд.
26.09.1921.Ҳукумати РСФСР аз тамоми кишварҳои хориҷӣ даъват кард, ки ба мардуми гуруснаи Поволже кумаки хайриявӣ намоянд.
Меҳрубон
Салимшоев