1.09.1941.Дар Маскав вохӯрии намояндагони СССР, ИМА ва Англия ба вуқӯъ пайваст. Ин дидор 3 рӯз тӯл кашид ва дар натиҷа созишномаи кӯмаки иқтисодии ИМА ва Англия ба СССР ба имзо расид. Ин созишнома бо “Ленглиз” маъруф аст ва дар тӯли ҷанг амалӣ мешуд.
1.09.1988.Дастаи мунтахаби футболи СССР бори аввал чемпиони олимпӣ шуд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони шӯравӣ бар дастаи Бразилия бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.
2.09.1929. Аввалин парвози тайёра дар масири Тошканд-Душанбе-Хоруғ. Бо ин парвоз хатсайри ҳавоӣ ба Бадахшон ифтитоҳ дода шуд.
2.09.1936.Дар СССР мӯҳлати маҳрумият аз озодӣ аз 10 ба 25 сол афзуд.
2.09.1944.Артиши олмонӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум шӯриши мардумиро дар Варшава пахш кард. Он яке аз маъруфтарин шӯришҳо дар рафти ҷанг ба шумор меравад ва дар натиҷа беш аз 250.000 нафар сокинони Вашава кушта шуданд.
3.09.1924. Дар СССР аввалин шумораи "Рӯзномаи муаллимон" (“Учительская газета”) рӯи чоп омад.
3.09.1942.Аввалин партоби муваффақи мушаки "Фау-2" аз ҷониби олмониҳо.
3.09.1993.Дар Русия муқовимати тарафдорони президенти кишвар Б.Елтсин ва Шӯрои Олии ин кишвар ба марҳилаи задухӯрди ошкоро расид. Тарафдорони ШО муҳосираи бинои Кохи Сафедро рахна, бинои шаҳрдориро тасарруф ва талаб карданд, ки ба онҳо имкони баромади мустақими телевизионӣ дода шавад.
Меҳрубон
Салимшоев