ХАБАРИ ДОҒ

Аз намоишгоҳи Париж то плани Барбароса

  • Чоршанбе, Дек 18 2019

12.12.1937. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Порис ширкат варзид.            Ин намоишгоҳ бо шиори "Санъат ва техноложӣ ва ҳаёти муосир" баргузор гардида, СССР дастовардҳои назаррасе дар он ба намоиш гузошт.

12.12.1949. Иттиҳоди Шӯравӣ Конвенсияи Женеваро бобати муҳофизати қурбониёни ҷанг имзо кард.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарор дод, нерӯҳои низомии СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунад. Баъди чанде, аввалин воҳидҳои низомии Артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданду ҷанги хонумонсузе дар ин кишвар оғоз гардид. Нерӯҳои Шӯравӣ танҳо соли 1989 Афғонистонро тарк карданд.

12.12.1993. Дар Русия бо овозидиҳии умумимардумӣ Сарқонуни Русияи Федеративӣ қабул карда шуд. Ин рӯзро дар Русия аз соли 1994 чун Рӯзи Сарқонун ҷашн мегиранд.

13.12.1969. Дар шаҳри Нижне Камски Тотористон сохтмони заводи мошинсозии Камск оғоз карда шуд. КамАЗ соли 1976 аввалин мошинҳои боркашро истеҳсол намуда, имрӯз ҳам мошинҳои ин ширкат дар роҳҳои собиқ Иттиҳод зиёд дида мешаванд.

14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо давлатӣ гардонида шуданд.

15.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. ВСНХ олитарин ва марказитарини ниҳоди идораи хоҷагии халқи Русия ба шумор мерафт.  

15.12.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системи мушакии балистикии байниқорраӣ (межконтинентальный) Р-7 ба истифода дода шуд. Ин системаро С.Королев ихтироъ кард ва акнун мушакҳои шӯравӣ метавонистанд ИМА-ро ҳадаф қарор диҳанд.

15.12.1991. СММ қарори қаблии худро, бобати нажодпарастӣ будани сионизм, ки соли 1975 қабул карда буд, бекор кард. Акнун СММ сионизмро, ҳаракати миллии қавми яҳуд, ки мақсади он мутаҳидкардан ва эҳёи миллати яҳуд дар сарзамини таърихӣ мебошад, унвон кард.

 

17.12.1926. Дар СССР аввалин саршумории аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи ин саршуморӣ аҳолии СССР 147 027 915 нафарро ташкил намуд.

17.12.1959. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон ниҳоди навӣ Нерӯҳои Мусаллаҳ - Нерӯҳои Мушакии Таъиноти стратегӣ созмон дода шуданд. Ин нерӯҳо имрӯз бо номи Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонӣ маъруфанд ва бештар дар беруни Русия амалиёт мегузаронанд.

18.12.1925. Дар Маскав Анҷумани XIV и РКП(б) ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман Низомномаи нави Ҳизб қабул карда шуда, номи он низ тағйир ёфта, акнун ВКП(б) номида шуд.

18.12.1940. Фюрери олмонӣ бахшномаи (директива) № 21, ки нақшаи "Барбаросса" ном дошт, ба имзо расонид. Ҷанг алайҳи СССР мебоист баҳори соли 1941 оғоз мегардид.

 

Меҳрубон Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter