20.12.1917. Дар РСФСР Комиссияи фавқулъоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) барои мубориза бо аксулинқилобиён ва коршиканӣ таъсис дода шуд. Сарварии ниҳоди навро Феликс Дзержинский ба ӯҳда гирифт, ки бо тахаллуси "Феликси оҳанин" маъруф аст.
20.12.1935. Дар пойтахти СССР меҳмонхонаи "Маскав" ифтитоҳ гардид. Ин меҳмонхона асоситарин макони буду бошӣ меҳмонони хориҷии СССР буд ва бештари хориҷиён дар ин меҳмонхона сукунат доштанд.
20.12.1938. Дар СССР бо қарори ШКХ дар ҳамаи корхонаҳо дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуд.
20.12.1939. Дар СССР, бахшида ба 60 солагии Иосиф Сталин мукофотҳои сталинӣ ҷорӣ гардид. Ин мукофотҳо ҳамчун ҳавасмандкунии созандагони фаъоли коммунизм истифода мешуданд.
20.12.1991. Бонки давлатии СССР фаъолияти худро қатъ кард. Тамоми сармоя ва амволи ин Бонк ба Бонки Марказии Русия интиқол дода шуд.
21.12.1991. Дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Алма-Ато дар дидори сарони 9 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ Эъломияи қатъи мавҷудияти СССР ба имзо расид.
22.12.1943. ШКХ-и СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро ба тасвиб расонид.
22.12.1989. Дар Руминия низоми коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд.
22.12.1994. Парлумони Ҷумҳурии худэълони Қарабоғи Кӯҳӣ қарор дод, дар ин ҷумҳурӣ мансаби президентиро таъсис диҳад. Аввалин президенти Қарабоғ Роберт Кочерян интихоб карда шуд.
23.12.1947. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО 1 январ рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд.
24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони мардумии СССР бо қарори худ вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон дар моҳи декабри соли 1979 маҳкум кард.
25.12.1939. Дар матбуоти шӯравӣ телеграмҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграм аз ҷумла омада буд, ки "Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун мӯҳру мум шудааст, бояд дурдароз ва мустаҳкам бимонад."
25.12.1989. Дар Руминия роҳбари ин кишвар Николай Чаушеску ва ҳамсараш Елена баъди як муҳокимаи сареъ ба қатл расонида шуданд.
25.12.1991. Соати 19:00 тариқи телевизиони марказии СССР Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев бори охирин расман баромад намуд. Горбачев дар баромадаш гуфт: "Бо таваҷҷӯҳ ба вазъити ба амал омада ва таъсиси Ҷомеъаи Кишварҳои Мустақил, ман фаъолияти худамро дар маснади Президенти СССР қатъ мекунам".
26.12.1922. Дар РСФСР бо қарори ШКХ кассаҳои амонатӣ таъсис дода шуданд.
27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудински Сибири Шарқӣ фармондеҳи артиши сафедҳои Сибир адмирал А.В. Колчак ба ҳабс гирифта шуд.
27.12.1929. Роҳбари СССР Иосиф Сталин иброз намуд, ки дар кишвар коллективизатсияи умумӣ ва сиёсати "барҳамдиҳии синфи кулакҳо" оғоз гардид.
Меҳрубон
Салимшоев