16.01.1918. Дар Анҷумани III- уми Шӯроҳо, казаки донӣ Шамов шиори ""-ро қироат кард. Ин шиор баъдан ба 1 дастуруламале табдил ёфт, ки тибқи он мардуми инқилобӣ амволу дороиҳои бойҳоро ғорат мекарданд.
16.01.1919. Дар Украина ҳокимияти Директория сари қудрат омад. Аввалин иқдоми ҳукумати нав эълони ҷанг бо Русияи шӯравӣ гардид.
16.01.1963. Роҳбари СССР Никита Хрушев эълон кард, ки кишвараш дорои бомби ҳидрогении 100-мегатонна мебошад.
16.01.1969. Ду киштии кайҳонии СССР, "Союз- 4" ва "Союз- 5" барои бори аввал дар ҷаҳон, дар фазои кайҳонӣ бо ҳам пайвастанд ва кайҳонавардон дар фазои кайҳонӣ аз як киштӣ ба киштии дигар гузаштанд.
17.01.1921. Дар Русияи шӯравӣ Декрети ШКХ "Бобати ҳаракат дар фазои ҳавоии РСФСР ва обҳои мутаалиқ ба он" ба тасвиб расид. Ин Декрет аввалин санади қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҳаракат дар фазои ҳавоӣ ба шумор меравад.
17.01.1960. Се хизматчии ҳарбии Артиши Шӯравӣ, аскарон Зиганшин, Крючковский, Поплавский ва Федотов зери туфон монданд ва бод онҳоро ба Уқёнуси Ором бурд. Аскарон болои баржаи идоранашаванда қарор доштанд. Аскарони шӯравӣ бе ҳеҷ захираи об ва озуқа 49 рӯз болои Уқёнуси Ором шино карданд. Билохира аскарбачаҳҳо тавассути нерӯҳои дифои соҳилии ИМА наҷот дода шуданд. Дар бораи ин шиноварии таърихӣ ҳатто филми тасвири ҳам бо номи "49 рӯз" ба навор гирифта шудааст.
17.01.2000. Ҳукумати Толибон дар Афғонистон соҳибистиқлолии Ичкерия (Чеченистон)-ро ба расмия шинохт. Вазорати корҳои хориҷии Русия бошад ин амалкардро дахолат ба корҳои дохилии Русия унвон кард.
18. 01.1943. Нерӯҳои Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна карданд. Ленинград аз соли 1941 дар муҳосираи нерӯҳои Артиши олмонӣ, дивизияи кабуди испониёӣ ва нерӯҳои финнӣ қарор дошт ва мардумаш аз гуруснагӣ азияти зиёд кашиданд.
18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Никита Хрушев бобати азнавсозии хоҷагии қишлоқи СССР-ро ба тасвиб расонид. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ давраи "ҷуворимакка" оғоз гардида, худи Хрушевро ҳам бо лақаби "кукурузник" маъруф шуд.
19.01.1992. Дар Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ раъйпурсии мардумӣ доир гардид ва 99% и мардум барои хориҷ шудан аз қаламравӣ Гурҷистон овоз доданд.
20.01.1921. Дар қаламрави РСФСР Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Доғистон таъсис дода шуд.
20.01.1980. Президенти ИМА Джимми Картер бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард. Дар ҷавоб дар СССР як шумораи маҷаллаи "Америка", ки ба дастаи мунтахаби олимпики ИМА бахшида шуда буд нест карда шуда, забони расмии бозиҳои Олимпӣ низ ба ҷои англисӣ, забонӣ фаронсавӣ гардид.
21.01.1924. Соати 18-у 50 дақиқа дар осоишгоҳи Горкии губернияи Маскав (имрӯз ҳудуди ноҳияи Ленини вилояти Маскав) тарроҳи инқилоби Октябрӣ ва аввалин сарвари ҳукумати болшевикӣ Владимир Ленин аз олам даргузашт. Ленин 53 сола буд ва солҳои охир аз ҷароҳати бардоштааш азият мекашид.
21.01.1949. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин бузургтарин сарлашкари ҳамаи давру замонҳо эълон карда шуд.
22.01.1966. Дар шаҳри Полтаваи РСС Украина бузургтарин корхонаи истеҳсоли алмоси сунъӣ дар СССР таъсис дода шуд.
22.01.1969. Афсари шӯравӣ Виктор Илин дар либоси милиса бо ду таппонча ба кортежи ҳукуматӣ ҳамла карда ният дошт Леонид Брежневро террор кунад. Ҳамла дар назди дарвозаи Боровитскии Кремл иттифоқ афтод ва Илин иштибоҳан мошини кайҳонавардонро тирборон кард. Яке аз кайҳонавардон захмӣ шуда ронанда ба ҳалокат расид.
Меҳрубон
Салимшоев