22.01.1905. Оғози инқилоби аввали рус. Дар ин рӯз (9 январ бо тақвими пешин) издиҳоми мардум дар назди Қасри зимистонии Петербург, аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии Русия тирборон гардид. Ин ҳодиса дар таърихнигории шӯравӣ бо "Якшанбеи хунин" маъруф гардида, таконбахши инқилоби соли 1905 мебошад.
23.01.1924. Аъзоёни Бюрои сиёсии ВКП(б) қарор доданд, ҷисми Владимир Ленинро дар Мавзолеи махсус маҳфуз нигаҳ дошта, ба хок насупоранд.
23.01.1991. Дар СССР ислоҳоти пулӣ роҳандозӣ гардид. Бо қарори ҳукумат 50 ва 100 рубл аз муомила бароварда шуда, аз дасти мардум ҷамъ гардиданд. Ин ислоҳот боиси муфлисшавии аҳолии зиёди СССР гардид.
24.01.1918. Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) бо Декрети худ дар Русияи шӯравӣ тақвими аврупоиғарбиро ҷорӣ намуд ва афроде, ки шаби 31 январ ба хоб рафта буданд, 14 феврал бедор шуданд. Ба ин тариқ, соли 1918-ро метавон кӯтоҳтарин сол дар таърихи Русия унвон намуд.
24.01.1922. КМИ-и РСФСР қонуни лағви шиносномаҳо ва дигар асноди ба қайдгирии шаҳрвандонро ба тасвиб расонид. Тибқи қонуни нав, тамоми шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо карданд бе мамониат дар ҳудуди РСФСР рафтуомад кунанд. Ба қайдгирии шаҳрвандон бо ҳар ҳуҷҷати муаянкунандаи шахсият иҷозат дода мешуд.
24.01.1924. Дар СССР шаҳри Петроград ба Ленинград тағйири ном кард.
24.01.1927. Дар СССР Ташкилоти мусоидат бо мудофиа, сохтмони нерӯҳои ҳавоӣ ва кимиёӣ (ОСОАВИАХИМ) таъсис дода шуд.
24.01.1976. Рӯзномаи "Ситораи Сурх" (“Красная Звезда”) сарвазири Бритониё Маргарет Тэтчерро "зани оҳанин" унвон кард ва ин тахаллус барои ҳамеша ба Тэтчер мансуб гардид.
25.01.1955. Раёсати Шӯрои Олии СССР Қарор "Бобати қатъи ҳолати ҷангӣ миёни СССР ва Олмонро" ба тасвиб расонид.
26.01.1953. Дар Брюссел конфронси таъсисии Шӯрои ҳамкориҳои гумрукӣ доир гардид. Конфронс Ташкилоти байналмиллалии гумрукро таъсис дод, ки имрӯз 150 кишварро дар бар мегирад. Аз соли 1983 ин рӯз дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмиллалии кормандони гумрук ҷашн гирифта мешавад.
26.01.1980. Кишвари Канада дар қатори ИМА бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим намуд.
27.01.1921. Дар Русияи Шӯравӣ пардохти маблағ барои истифодаи манзил, оби нӯшокӣ, канализатсия, нақлиёти шаҳрӣ, ҳаммом ва ғ. бекор карда шуд.
27.01.1924. Маросими дафни Владимир Ленин дар майдони Сурхи Маскав. Ҷасади Ленин дар Мавзолеи махсус, миёни қабрҳои қаҳрамонони ҳалокшудаи Октябр гузошта шуд. Баъди чанде Мавзолей азнавсозӣ гардида, соли 1930 намуди ҳозираашро гирифт.
27.01.1945. Нерӯҳои Фронти 3-юми Беларус қароргоҳи зеризаминии Гитлер "Хонаи гург"-ро дар Прусия шарқӣ ба тасарруф даровард.
27.01.1987. Дар пленуми КМ ҲКИШ Михаил Горбачев бори аввал давраи ҳукмронии Л. Брежневро "Давраи рукӯд" номид ва эълон кард, ки аз ин ба баъд дар кишвар марҳалаи нави бозсозӣ "давраи ошкорбаёнӣ" оғоз хоҳад гашт.
28.01.1918. Владимир Ленин Декрет бобати таъсиси Артиши Сурхи Коргару-Деҳқонро ба имзо расонид.
Меҳрубон
Салимшоев