ХАБАРИ ДОҒ

Аз “Полуторка” то Патрис Лумумба

  • Чоршанбе, Фев 05 2020

  

29.02.1932. Дар СССР дар заводи автомобилбарории Горкий, аввалин мошини боркаши шӯравӣ "ГАЗ-АА" сохта шуд. Аваллин мошини боркаши СССР якуним тонна борро интиқол дода, миёни мардум бо номи "полуторка" машҳур гардида буд.

30.02.1933. Дар Олмон интихоботи парлумонӣ доир гардид ва ҳизби миллӣ- сотсиалистӣ дар он пирӯз гашт. Дар натиҷа роҳбари ин ҳизб Адолф Гитлер канслери Олмон таъин карда шуд.

31.02.1918. Дар пойтахти Русияи Шӯравӣ шаҳри Петроград, корпуси 1-уми Артиши Сурхи Коргари-Деҳқонӣ (РККА) таъсис дода шуд.

31.02.1919. Дар саҳни ҳавлии қалъаи Петропавловски Петроград, чор князи бузурги хонадони Романовҳо парронда шуданд. Ин князҳо барои болшевикон хатарнок буданд ва метавонистанд иддаои ҳукумат кунанд.

31.02.1924. Анҷумани II-юми Шӯроҳои СССР аввалин Сарқонуни СССР-ро ба тасвиб расонид.

1.02.1918. Патриархи калисои православии Русия Тихон ҳукумати Шӯравиро ҳукумати куфр эълон кард. Болшевикон барои ин кор Тихонро баъди чанде ба қатл расониданд.

1.02.1923. Дар шаҳри Петроград соати 10 субҳ бо суроғаи соҳили Фонтанка хонаи № 76, аввалин кассаи амонатӣ дар Русияи Шӯравӣ ифтитоҳ ёфт. Кассаҳои амонатӣ асоситарин нуқтаи амонтагузории шаҳрвандони шӯравӣ ба шумор мерафтанд ва то парокандашавии СССР фаъолият доштанд.

2.02.1918. Бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) дар Русияи Шӯравӣ калисо аз давлат ва мактаб аз калисо ҷудо карда шуд.

2.02.1943. Торумори нерӯҳои олмонӣ тавассути Артиши Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград. Муҳорибаи Сталинград яке аз задухурдҳои шадиди ҶБВ ба шумор меравад ва маҳз дар ин муҳориба бори аввал дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум нерӯҳои олмонӣ муҳосира гардиданд. Ин рӯз дар Русия чун Рӯзи шарафи ҷангӣ ҷашн гирифта мешавад.

2.02.1956. СССР барои бори аввал дар ҷаҳон озмоиши мушаки стратегиро дар озмоишгоҳи Семипалатински РСС Қазоқистон амалӣ намуд.

3.02.1918. Русияи Шӯравӣ бо декрети КМИ тамоми қарзҳои давлатии дохилӣ ва берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққатро бе эътибор эълон намуд.

Маблағи ин қарзҳо 60 миллиард рублро ташкил медоданд.

3.02.1966. Киштии кайҳонии "Луна-9" барои бори аввал дар ҷаҳон ба сатҳи Моҳ фуруд омад.

3.02.1987. Дар СССР бо иттиҳоми гирифтани ришва домоди Леонид Брежнев, ҷониши аввали вазири корҳои дохила Юрий Чурбанов ба ҳабс гирифта шуд.

4.02.1960. Ҳайати намояндагии СССР бо сарварии Анастас Микоян бо Фидел Кастро бобати харидории қанд аз Куба созишнома баст. Қанди Куба, ки аз ҷониби ИМА таҳрим шуда буд, акнун вориди бозори шӯравӣ гардид.

5.02.1960. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, бо қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР Университети дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба таъсис дода шуд.  

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter