ХАБАРИ ДОҒ

Аз амалиёти “Барбароса” то вазирии Громико

  • Панҷшанбе, Фев 20 2020

12.02.1921. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ, вориди Гурҷистон гардид. Баъди чанде меншевикон торумор гашта, дар Гурҷистон ҳукумати болшевикӣ таъсис дода шуд.

12.02.1940. Мақомоти шӯравӣ дар манотиқи ишғолии Полша муваззаф гардиданд, яҳудиёни немисро ба манотиқи таҳти контроли немисҳо депорт кунанд.

12.02.1941. Тибқи амалигардонии нақшаи амалиёти "Барбароса", интиқоли оммавии нерӯҳои Артиши Рейхи саввум ба сарҳади СССР шурӯ карда шуд.

12.02.1945. Роҳбарони муҳоҷирати сафед, ки бештарашон афсарони собиқи Артиши сафед буданд, дар Порис аз пирӯзии Артиши Сурх дар ҷанги ҷаҳонӣ истиқбол карданд.

12.02.1955. Дар СССР қарори Шӯрои Вазирон бобати таъсиси майдони озмоишӣ (полигон) барои озмоиши мушакҳои баллистикии байниқитъавӣ ва партоби радифҳои маснуъии Замин ба тасвиб расид. Дар натиҷа сохтмони майдони озмоишии илмӣ-таҳқиқотии №5-и Вазорати Дифои СССР (НИИП-5) шурӯ шуд, ки имрӯз бо номи космадроми Байканур маъруф аст.

 12.02.1990. Рӯзи ёдбуди қурбониёни воқеъаҳои баҳманмоҳ дар Тоҷикистон. 

13.02.1918 Дар РСФСР бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) биржаҳои меҳнатӣ таъсис дода шуданд. Ин биржаҳо ташкилотҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар бозори меҳнат амалиёти миёнаравӣ анҷом медоданд. Биржаҳо то авохири соли 1930, то замони маҳви бекорӣ дар СССР фаъолият карданд. 

13.02.1918. Артиши Сурх шӯриши зидишӯравии Корпуси полякиро дар Беларусия саркӯб кард. Ин корпус 25 ҳазор сарбоз дошт ва дар шаҳрҳои Рогачев, Жлобин ва Бобруйск мустақар гардида буд. Ба корпус генерали кордидаи поляк  Довбор-Муснитский фармондеҳӣ мекард.

13.02.1921. Дар Маскав роҳбари анархистони рус, олими шинохта, княз Куропаткин вафот кард. Дар рӯзи ба хоксупории княз, болшевикон тамоми анархистони русро, ки дар зиндонҳо қарор доштанд ба шарти бозгашти дубора ба зиндон озод карданд. Маросими дафни княз дар қабристони Новодевичии Маскав баргузор гардида, ҳамаи анархистони озодшуда, баъди анҷоми маросим ду бора ба зиндон баргаштанд.

13.02.1956. Пленуми КМ ҲКИШ қарор дод дар рафти Анҷумани ХХ-уми ҲК, ки фардои он рӯз ба кораш шурӯ мекард, нишасти пӯшидае баргузор намояд ва дар он ба Хрушев дастур дода шавад бо маърӯзаи

 

" Дар бораи шахспарастӣ ва пасомадҳои он" дар назди вакилон баромад кунад.

13.02.1984. Дар СССР, дар рафти Пленуми ғайринавбатии КМ ҲКИШ Константин Черненкои 72-сола Котиби генералии ҲКИШ интихоб гардид.

 14.02.1918. Ҳукумати РСФСР бо Декрети махсус тамоми заминҳоро моликияти давлатӣ эълон мекунад.

14.02.1949. Дар СССР рӯзноманигори амрикоитабор Анна-Луиза Стронг бо иттиҳоми ҷосусӣ ба ҳабс гирифта шуд. Анна Стронг чандин бор аз СССР дидан намуда, яке аз муассисони рӯзномаи The Moscov News ба шумор мерафт.  

15.02.1918. Дар РСФСР Вячеслав Менжинский Комиссари Халқии молия таъин карда шуд. Менжинский то ин вақт, ҷонишини муваққатӣ комисари халқии молия Иван Сквортсов-Степанов ба шумор мерафт. Сквортсов-Степанов баъди як рӯзи пирӯзии инқилоби болшевикӣ ба ин вазифа таъин гардида буд, аммо як рӯз ҳам ба идора наомад.

15.02.1957. Дар СССР Андрей Громико Вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид. Громико аз ҳама муддати тӯлонӣ, 28 соли дароз дар ин мансаб фаъолият кард ва яке аз вазирони ботаҷрибаи шӯравӣ ба шумор мерафт.

16.02.1951. Роҳбари вақти СССР Иосиф Сталин СММ ро "василаи ҷанги таҷовузгарона" унвон кард.  

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter