19.02.1942. Президенти ИМА Франклин Рузвелт баъди оғози ҷанги ИМА бо Ҷопон, Фармони № 9066-ро ба имзо расонид, ки тибқи он наздики 120 000 амрикоиҳои ҷопонитабор ба лагерҳои контсетратсионии махсус мунтақил гардиданд.
19.02.1949. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Семичастний котиби аввалин КМ ВЛКСМ интихоб гардид. Семичастний дар оянда раиси КГБ-и СССР мешавад.
19.02.1987. Котиботи раёсати Иттиҳоди нависандагони СССР қарори Иттиҳоди нависандагон аз соли 1958-ро, бобати хориҷ кардани Борис Пастернак аз аъзогии Иттиҳоди нависандагони СССР барои навиштани романи зиддишӯравии "Доктор Живаго" бекор кард. Баъди ин, романи мазкур дар СССР иҷозаи нашрпайдо намуд.
20.02.1932. Ҳукумати СССР Лев Тротскийро, ки дар Норвеж иқомат дошт аз шаҳрвандии шӯравӣ маҳрум кард.
21.02.1920. Раёсати Шӯрои Хоҷагии Халқи СССР, Комиссияи давлатии электрокунонии Русияро (ГОЭЛРО) ба тасвиб расонид ва РСФСР баъди чанде пурра бо нерӯи барқ таъмин гардид.
21.02.1935. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав аввалин Фестивали байналмиллалии синамо баргузор гардид.
21.02.1965. Дар СССР се радифи маснуи Замин "Кайҳон-54", "Кайҳон-55", ва "Кайҳон-56" ба фазои кайҳонӣ бароварда шуданд.
22.02.1921. Бо Декрети ШКХ РСФСР дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии банақшагирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Ин комиссия соли 1948 ба Кумитаи давлатии ба нақшагирии Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард.
22.02.1942. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Андрей Власов бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Ин генерал баъди чанде асир гардида, ба тарафи немисҳо гузашта, Артиши зидди шӯравиро таъсис дод.
23.02.1918. Дар РСФСР даъвати оммавии ихтиёриён ба Артиши Сурх оғоз шуд. Ин даъвати оммавӣ бо сабаби ҳуҷуми немисҳо ва фирори сарбозони боқимондаи артиши подшоҳӣ аз ҷабҳаи ҷанг роҳандозӣ гардид. 23 феврал солҳои тӯлонӣ дар СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ ва Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ ҷашн гирифта мешуд.
23.02.1935. Дар СССР Николай Ежов ба вазифаи сардори комиссияи назорати ҳизбии ВКП(б) таъин карда шуд. Ин аввалин пешбарии Ежов ба вазифаи роҳбарикунанда буд ва баъди чанде ӯ ба маснади сарвари НКВД расид.
23.02.1943. Дар Бритония расман Рӯзи Артиши Сурхро дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтанд.
23.02.1944. И.Сталин Ҷумҳурии Мухтори Чечену-Ингушро лағв кард. Аҳолии ин ду ҷумҳурӣ бошанд, аз кӯдак то пирони куҳансол ба Қазоқистон ва манотиқи Шимоли Дур бадарға гардиданд.
23.02.1943. Дар СССР Артиши Сурх ба Артиши Шӯравӣ тағйири ном кард.
25.02.1921. Дар Гурҷистон ҳокимияти шӯравӣ пурра пирӯз гардид ва РСС Гурҷистон таъсис дода шуд.
25.02.1991. Дар Маскав нишасти ғайринавбатии Кумитаи сиёсӣ-машваратии Созишномаи Варшава баргузор гардид. Дар ин нишаст кишварҳои Созмон қарор доданд ниҳодҳои ҳарбии Созмонро барҳам диҳанд.
Зокирҷон Бобоев,
ноҳияи Ҳисор