26.02.1917. Шаби 25 феврал, подшоҳ Николаи 2-юм ба нерӯҳои полис фармон медиҳад , ки бетартибиҳоро дар пойтахт қатъ кунанд. Дар баробари ин, Николаи 2-юм Думаи давлатиро низ пароканда кард. Аммо аз соати 12-и рӯзи 26 феврал дар пойтахт гирдиҳамоиҳои нав шурӯ шуданд. Дар Петроград корпартоии умумӣ оғоз гашта, нерӯҳои Артиш ба тарафи инқилобиён гузаштанд.
26.02.1944. Наздики 600 тайёраи шӯравӣ ба пойтахти Финляндия-шаҳри Хелсинки ҳамла карданд. Ин бузургтарин ҳамлаи ҳавоии СССР дар рафти ҶБВ ба шумор меравад, ки баъд аз он Финляндия таслим шуда, аз ҷанг баромад.
26.02.1952. Сарвазири Бритония Уинстон Черчил эълон намуд, ки Бритонияи Кабир бомби атомии худашро сохт.
26.02.1990. Дар Маскав президенти Чехословакия Ватслав Гавел ва Михаил Горбачев созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он нерӯҳои Артиши шӯравӣ аз Чехословакия бароварда мешаванд.
27.02.1917. Дар Петроград шӯришгарон бинои Арсенал ва Қасри Зимистонаро тассаруф намуданд. Дар Русия ҳукумати подшоҳӣ сарнагун мегардад ва Кумитаи Муваққати Думаи Давлатӣ ба фаъолият шурӯ мекунад. Дар баробари ин коргарон низ ниҳоди ҳукуматии худро бо номи Кумитаи иҷрояи Шӯрои вакилони коргарон ва аскарон таъсис медиҳанд.
27.92.1933. Дар Олмон ҷонибдорони Гитлер бинои Рейхстагро дар пойтахти ин кишвар оташ заданд. Ин кор барои саркӯби коммунистон баҳона гардида, ҳизби коммунист гунаҳкорӣ ин оташсӯзӣ эълон карда шуд. Коммунистон маҷбур шуданд ба фаъолияти махфӣ гузаранд.
27.02.1937. Дар пленуми КМ ВКП(б) аъзоёни собиқи Бюрои сиёсӣ Николай Бухарин ва Алексей Риков ба суиқасд алайҳи ҳизб айбдор карда шуданд. Бухарин ва Риков аз сафи ҳизб хориҷ гардида, ба ҳабс гирифта шуданд.
28.02.1917. Оғози инқилоб дар Маскав. Баъд аз Петроград баромадҳои зидди подшоҳӣ дар Маскав низ оғоз гардида, шӯришиён дар инҷо низ ба пирӯзӣ расиданд.
28.02.1921. Оғози шӯриши баҳрнавардон (матросҳо) дар Кронштадт. Ин шӯриш таҳти шиори "тамоми ҳокимият ба Шӯроҳо, на ба ҳизбҳо" мегузашт ва баъди 18 рӯз аз ҷониби нерӯҳои Артиши Сурх саркӯб гардид.
28.02.1950. Дар СССР ҳисоби рубли шӯравӣ ба ҷои доллари ИМА, бо қурби тилло шурӯ гардид. Рубли шӯравӣ аз соли 1937 бо доллари ИМА ҳисоб карда мешуд, аммо Сталин ин садро шикаст ва рублро бо тилло нархгузорӣ намуд.
28.02.1976. Президенти ИМА Ҷералд Форд, роҳбари Куба Фидел Кастроро "ҷинояткорӣ байналмиллалӣ" эълон намуд.
1.03.1943. Ҳукумати СССР изҳор намуд, ки баъди анҷоми ҷанг Украинаи Ғарбӣ ва Белорусияи Ғарбиро ба Полша бар намегардонад.
1.03.1953. Роҳбари СССР Иосиф Сталин мубтало ба сактаи мағзӣ (инсулт) мегардад, аммо Берия ва Маленков даъвати табибонро ба назди ӯ қатъият манъ карданд.
1.03.1991. Ангиштканони Донбас ба корпартоӣ оғоз карданд. Ин корпартоӣ, аввалин корпартоӣ дар таърихи СССР гардид, ки дар он талабҳои сиёсӣ (истеъфои Горбачев) садо доданд.
2.03.1917. Дар Петроград корпартоии коргарони заводи Путилов шурӯ гардид, ки ба таъсиси Ҳукумати муваққат дар Русия мунҷар шуд.
2.03.1919. Дар пойтахти РСФСР, шаҳри Маскав Кунгураи аввалини Коминтерн ба кори худ шурӯ намуд.
Меҳрубон Салимшоев