ХАБАРИ ДОҒ

Аз Сулҳи Брест то таҳрими олимпӣ

  • Душанбе, Март 30 2020

18.03.1918. Кишварҳои Антанта-Россия, Британия Кабир ва Фаронса эълон карданд, ки созишномаи сулҳи Брестро, ки Россияи Шӯравӣ бо Олмон ба имзо расонида буд, қабул намекунанд.

18.03.1918. Бо қарори коллегияи Кумитаи Фавқуллодаи Умумироссиягӣ (ВЧК) дар тамоми вилоятҳо ва навоҳии Россияи Шӯравӣ Комиссияҳои фавқуллода таъсис дода шуданд.Тамоми нерӯҳои ҳарбии ЧК бошанд ба Дастаи ҷангии ВЧК муттаҳид карда шуданд.

18.03.1921. Артиши сурх бо сарварии Тухачевский шӯриши баҳрнавардон (матросҳо)-ро дар Кронштадт саркӯб кард. Матросҳо дар оғози инқилоб асоситарин тарафдорони болшевикон буданд, аммо баъди ҷанги шаҳрвандӣ назарашон тағйир кард ва зидди ҳукумати онҳо шӯриш бардоштанд.

18.03.1939. Дар шаҳри Мюнхени Олмон сарони Британия, Фаронса ва Олмон бо ҳам дидор карда, қарордоди Мюнхенро ба имзо расониданд. Дар натиҷаи ин қарордод Олмон вилояти Судети Чехословакия ва Венгрия Словакияи ҷанубӣ ва Украина Пасикарпатиро ғасб карданд. Ин қарордодро бисёриҳо чароғи сабз барои Гитлер унвон мекунанд.

18.03.1946. Дар СССР нақшаи панҷсолаи 4-ум ба тасвиб расид. Тибқи он СССР мебоист ба сатҳи то ҷангии истеҳсолот мебаромад.

18.03.1980. Ҳукумати ИМА фурӯши технологияҳои муосирро ба СССР таҳрим кард ва ин корро ба иттифоқчиёнаш низ мамнуъ намуд. 

19.03.1934. Дар СССР коргари совхоз Митрофан Никитин ҳангоми зиёрати Мавзолеи Ленин аз таппончаи "Наган" тобути Иличро тирборон намуд.

20.03.1926. Сарвари Чин, Чан Кайши тамоми коммунистони шӯравиро аз қаламрави кишвараш берун кард. 

20.03.1933. Дар СССР маркази пахши радиёии ба номи Коминтерн ба кор шурӯ кард. Ин маркази радиёӣ он шабу рӯз бузургтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёфт.

20.03.1992. Дар пойтахти Украина шаҳри Киев аввалин дидори роҳбарони  Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил (СНГ) баргузор гардид.

 

21.03.1921. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Гурҷистон. 

21.03.1937.  Дар СССР қарори ШКХ таҳти унвони "Бобати дараҷа ва унвонҳои илмӣ" ба тасиб расид. Тибқи ин қарор дар аввалин кишвари Шӯроҳо дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳо ва унвонҳои илмии ассистент, дотсент ва профессор ҷорӣ карда шуданд.

22.03.1917. Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико аввалин шуда дар ҷаҳон Ҳукумати муваққати Россияро расман эътироф кард.

23.03.1918. Дар Украина Радаи Марказӣ забони украиниро чун забони коргузории идорӣ эътироф кард.

24.03.1917. Баъди ИМА, Фаронса, Британияи Кабир ва Итолия низ Ҳукумати муваққати Россияро эътироф намуданд.

24.03.1918. Дар Русияи шӯравӣ аввалин муассисаи илмӣ дар соҳаи ҳавонавардӣ "Озмоишгоҳи паррон" таъсис дода шуд. Ба ин муассиса профессор Н. Жуковский сарварӣ мекард.

25.03.1917. Иосиф Сталин ва Лев Каменев аз бадарғаи Сибир ба Петроград баргаштанд.

25.03.1918. Намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои миллии белорус, таъсиси Ҷумҳурии Халқии Беларусияро эълон намуданд. Ҷумҳурии нав худро комилан аз Россия мустақил эълон кард.

25.03.1942. Оҳангсози рус Сергей Рахманинов тамоми даромади худ аз консертҳояш дар Амрикоро ба фонди Артиши Сурх ирсол кард.

25.03.1980. Британия аз таҳрими Бозиҳои Олимпии Маскав даст кашид.

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter