26.03.1928. Шӯрои Комиссарони Халқӣ СССР қарор дод, теъдоди муассисаҳои ислоҳотӣ-меҳнатиро дар қаламрави кишвар афзоиш диҳад.
26.03.1940. Роҳбари СССР Иосиф Сталин аз дидори мустақим бо Адолф Гитлер барои ширкат дар гуфтушунид бобати сарҳадоти Полша сарфи назар намуд.
26.03.1941. Дар СССР мукофотҳои сталинӣ роҳандозӣ гардиданд. Баъдан ин мукофотҳо ба Давлатӣ тағйири ном карданд.
26. 03.1953. Роҳбари ВКД-и СССР Лаврентий Берия ба Раёсати КМ лоиҳаи авфи зиндониёнро пешниҳод намуд. Тибқи ин лоиҳа, нисфи афроди дар зиндон буда бояд фавран озод мегаштанд. Раёсати КМ рӯзи дигар лоиҳаи Берияро ба тасвиб расонид.
26.03.1956. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рухсатии меҳнатии занони ҳомиладор аз 77 рӯз то 112 рӯз зиёд карда шуд.
27.03.1918. Дар Русияи Шӯравӣ хадамоти муҳофизати сарҳадот таъсис дода шуд. Ин рӯз баъдан дар СССР чун Рӯзи нерӯҳои марзбон ҷашн гирифта мешуд.
28.03.1956. Дар рӯзномаи Правда мақолаи "Чаро шахспарастӣ ба рӯҳияи марксизм-ленинизм бегона аст" рӯи чоп омад. Ин мақола дар асл аввалин танқиди ошкорӣ Иосиф Сталин дар матбуоти шӯравӣ ба шумор меравад.
28.03.1971. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли автомобилҳои сабукравӣ "Жигулӣ" оғоз гардид.
28.03.1991. Зиёда аз 100 ҳазор тарафдорони президенти РСФСР Борис Елтсин дар Маскав даст ба тазоҳурот заданд. Он шабу рӯз роҳбарияти СССР баргузории ҳар навъ тазоҳуротро дар Маскав манъ карда буд ва бинобар ин, бо фармони М.Горбачев нерӯҳои низомӣ вориди пойтахти СССР гардиданд.
29.03.1940. Дар СССР бо фармони Комиссариати халқии мудофиа, Академияи ҳарбии ҳайтӣ фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоӣ таъсис дода шуд. Ин Академия аз соли 1968 номи Юрий Гагаринро гирифт.
30.03.1917. Ҳукумати муваққати Русия ҳуқуқи Полшаро барои барпо кардани як давлати соҳиистиқлол расман эътироф намуд.
30.03.1981. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои бори аввал, вақти тобистона роҳандозӣ карда шуд.
30.03.1954. Иттиҳоди Шӯравӣ расман ба НАТО бо ташаббуси ворид шудан ба ҳайъати он муроҷиат кард. Аммо баъди машварати аъзоёни ин созмон, пешниҳоди СССР рад карда шуд.
30.03.1980. Дар қасри Кремл ба Леонид Брежнев мукофоти Ленинӣ дар қисмати адабиётро тақдим карданд. Барои барои навиштани ёддоштҳояш бо номи "Замини хурд" ва "Эҳё" сазовори ин мукофот гардид.
1.03.1923. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи маҷаллаи "Огонек" (Шӯълача) рӯи чоп омад.
1.04.1969. Дар Чин Анҷумани IX-и Ҳизби коммунист доир гардид ва дар он эълон карда шуд, ки Чин "инқилоби маданӣ" ба поён расид.
2.04.1919. Роҳбарони ҳаракати миллии қазоқҳо "Алаш" аз шаҳри Семипалатинск бо роҳбарони РСФСР Владимир Ленин ва Иосиф Сталин мустақиман телефонӣ гуфтугӯ карданд ва хостори додани мухторияти васеъ ба Қазоқистон шуданд.
Меҳрубон
Салимшоев