ХАБАРИ ДОҒ

Кумитаи Олимпӣ, Бозсозӣ, Заминларзаи Тошканд ва Кастро

  • Чоршанбе, Апр 29 2020

23.04.1918. Дар РСФСР қарори ШКХ "Бобати милликунонии савдои берунӣ" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор тамоми савдои бурунмарзӣ монополияи (инҳисорӣ) истисноии давлат қарор гирифт ва танҳо давлат бо хориҷа савдо мекард.

23.04.1929. Дар СССР конфронси XVI ВКП(б) баргузор гардид ва дар он нақшаи панҷсолаи 1-ум қабул карда шуд. Аз ин ба баъд, иқтисоди шӯравӣ тибқи нақшаҳои панҷсола рушд мекард.

23.04.1932. Дар СССР тибқи қарори КМ ВКП(б) "Бобати бозсозии ташкилотҳои адабӣ-ҳунарӣ" тамоми ташкилотҳои нависандагӣ пароканда карда шуданд ва дар ҷои онҳо Иттиҳоди ягонаи нависандагони шӯравӣ таъсис дода шуд.

23.04.1948. Дар рафти ҷанги аввали арабу-исроилӣ, нерӯҳои исроилӣ бандари баҳрии Хайфо-ро, ки бештари аҳолиаш фаластиниҳо буданд, ишғол карданд ва дигар низоми исроилӣ тариқи ин бандар, аз берун мояҳтоҷи худро таъмин мекард. 

23.04.1951. Дар СССР Кумитаи Олимпӣ таъсис дода шуд.

23.04.1985. Дар Маскав Пленуми апрелии КМ ҲКИШ  доир гардид ва маҳз дар ин пленуми таърихи қарори баргузории бозсозӣ дар кишвар қабул карда шуд.

24.04.1953. Маликаи Англия Елизаветаи II-юм, Уинстон Черчилро бо рутбаи ритсарӣ қадрдонӣ кард. Черчил дар ҳассостарин давраи таърихи Англия сарвазирии ин кишварро ба ӯҳда дошт ва баъди хизматҳои зиёдаш танҳо дар авохири умр "ритсари"  Англия шуд.

24.04.1980. ИМА дар Эрон амалиёти низомиро бо номи "Чанголи уқоб" барои озодкардани гаравгонҳояш пиёда кард. Аммо "Чанголи уқоб" ба нокомӣ дучор шуд ва амрикоиҳо 8 сарбоз ва чанд чархболу тайёраро аз дода, аз ҷои ҳодиса фирор карданд. 

25.04.1983. Роҳбари вақти СССР, Юрий Андропов, духтарчаи амрикоӣ Саманта Смитро ба Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард. Ин аввалин боздидӣ як кӯдаки амрикоӣ аз СССР ба шумор меравад.

25.04.1993. Дар Русия референдуми мардумӣ доир гардид. Дар он бештари аҳолии кишвар сиёсати пешгирифтаи Елтсинро ҷонибдорӣ намуда, аммо пешниҳоди Елтсин бобати пароканда кардани Шӯрои Олиро рад карданд. 

26.04.1945. Дар рафти амалиёти Берлинии ҶБВ, танкҳои Артиши шӯравӣ ба маркази Берлин расиданд.

 26.04.1966. Заминларзаи фоҷиабор дар Тошканд. Қудрати зилзила 7,5 балл бо ҷадвали Рихтерро ташкил дод ва дар он 8 нафар ҷони худро бохтанд. Бо вуҷуди ин, заминларзаи барои Тошканд паҳлӯҳои дигар ҳам дошт.

27.04.1959. СССР бо Миср қарор бобати сохтмони садди Асуанро ба имзо расониданд. Тарафи шӯравӣ ба ваъдааш амал кард ва ин сад дар муддати кӯтоҳ сохта шуд. Нақши он низ дар иқтисодиёти имрӯзаи Миср бисёр бузург аст.

27.04.1963. Фидел Кастро, роҳбари инқилобӣ Куба аввалин бор бо сафари расмӣ ба СССР омад. Бо вуҷуди ин, ба хотири эҳтимоли ҳуҷуми тайёраҳои амрикоӣ Кастро аз Куба комилан махфиёна парвоз кард ва бо эҳтиёт вориди Маскав шуд.

28.04.1953. Дар СССР писари Иосиф Сталин, Василий Сталин, ки фармондеҳӣ округи ҳавоии Маскав буд ба ҳабс гирифта шуд. 

29.04.1918. Дар Петроград студияи синамосозии "Ленфилм" сохта шуд ва ба фаъолият шурӯ кард. "Ленфилм", ки он замон Кумитаи киноӣ Иттиҳоди Коммунаҳои Шимол ном дошт, баъди чанде ба яке аз синамосозиҳои муваффақи собиқ Иттиҳод табдил ёфт.

29.04.1933. Дар СССР бо қарори КМ ВКП (б) Комиссияи марказӣ бобати поксозии ҳизб роҳандозӣ карда шуд. 

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter