15.04.1919. Дар Ирландия, дар ҳудуди графигарии Лимерик, Ҷумҳурии Лимерики Шӯравӣ таъсис дода шуд. Ин ҷумҳурӣ таҳти таъсири инқилоби болшевикии Русия ва ақидаи инқилоби ҷаҳонии болшевикон таъсис ёфт, аммо муддати зиёд давом наовард.
15.04.1926. Дар СССР бо қарори Раёсати КИМ сарҳадоти қутби шимолии аввалин кишвари Шӯроҳо муаян карда шуданд.
15.04.1993. Дар Туркманистон, президенти кишвар Сафармурод Ниёзов эълон намуд, ки забони туркманӣ ба ҳуруфӣ кирилӣ ба лотинӣ мегузарад.
16.04.1917. Роҳбари ҳизби болшевикон Владимир Ленин аз муҳоҷират ба Русия баргашт. Ленинро анбӯҳи мардум дар истгоҳи роҳи оҳани Финляндскии Петроград истиқбол намуданд.
16.04.1922. СССР бо Олмон созишномаи сулҳи Рапаллро ба имзо расониданд. Тибқи ин созишнома миёни ду кишвар муносибати дипломатӣ барқарор карда шуд.
16.04.1945. Оғози амалиёти Берлин дар рафти ҶБВ. Ин амалиёт бузургтарин амалиёти Артиши Сурх дар рафти ҷанг ба шумор меравад, ки бо фатҳи пойтахти Рейхи саввум ба анҷом расид.
16.04.1947. Дар сенати иёлоти Каролинаи Ҷанубӣ, сиёсатмадор ва сармоядори амрикоии яҳудитабор Бернард Барух бори аввал дар ҷаҳон, истилоҳи "ҷанги сард"-ро ба кор бурд.
17. 04.1923. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав Анҷумани XII РКП(б) баргузор гардид.
17.04.1968. Дар телевизиони СССР аввалин барномаи "Дар олами ҳайвонот" пахш гардид. Ин барнома баъдан ба яке аз барномаҳои машҳур ва сербинанда табдил ёфт.
17.04.1986. Дар СССР қарори КМ ҲКИШ "Бобати самтҳои умумии ҳалли мушкилоти манзилӣ дар кишвар" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, ҳар як оилаи шӯравӣ то соли 2000 мебоист соҳиби хонаи алоҳида мегардид.
18.04.1922. Дар СССР дастаи футболи МКС таъсис дода шуд. Ин даста баъдан чандин бор тағйири ном карда, соли 1935 бо ташабуси Николай Старостин, "Спартак " ном гирифту то ба ҳол бо ин ном маъруф аст.
18.04.1923. Дар СССР бо ташабусси Феликс Дзержинский Ҷамъияти варзишии "Динамо" созмон дода шуд.
19.04.1943. Дар Артиши Сурх Раёсати асосии зиддиҷосусӣ "Смерш", ки марг ба ҷосусон рамзхонӣ мегардид, таъсис дода шуд. Ин Раёсат дар мубориза алайҳи ҷосусони олмонӣ, ки шумораашон дар миёни артишиён ва шаҳрвандони шӯравӣ бисёр зиёд буд саҳми арзанда гузошт.
20.04.1994. Созишнома бобати муҳофизати дастаҷамъонаи кишварҳои ИДМ, ки соли 1992 дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расида буд, ба ҳукми қонунӣ даромад.
21.04.1918. Ҳукумати Русияи шӯравӣ, Парлумони миллии мусалмонони дохили Русия ва Сибирро, ки Милли маҷлис ном дошт пароканда кард.
21.04.1921. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Арманистон.
21.04.1954. СССР ба созмони ЮНЕСКО ворид гардид.
22.04.1870. Мавлуди Владимир Ленин (Улянов), фаъоли сиёсӣ ва давлатии рус. Ленин яке аз инқилобчиёни маъруфи Русия ба шумор меравад, ки ҳизби болшевикиро таъсис дода, моҳи октябри соли 1917 дар натиҷаи инқилоби Октябрӣ қудрати сиёсиро дар Русия ба даст овард.
Меҳрубон
Салимшоев