ХАБАРИ ДОҒ

Аз Коммунаи Париж то парвози Руст

  • Чоршанбе, Июн 03 2020

28.05.1871. Баъд аз як ҳафтаи ҷангҳои шадид аз ҷониби ҳукуматдорони Фаронса, Коммунаи Париж-аввалин кӯшиши синфи коргар барои барқарор кардани ҳокимият торумор карда шуд.

28.05.1918. Арманистон ва Озарбойҷон истиқлолияти худро эълон намуданд. Дар Боку Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон арзи вуҷуд пайдо кард.

28.05.1928. Дар СССР рақиби сарсахти Сталин, Лев Тротский аз пойтахт ба шаҳри Алма-Ато бадарға карда шуд.

28.05.1935. Дар Олмон аввалин парвози тайёраи қиркунандаи "Миссершмитт Bf.109" ба вуқуъ пайваст. "Миссершмитт Bf.109" яке аз муваффақтарин ва оммавитарин қиркунандаҳои Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шумор меравад.

28.05.1958. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав, бо қарори Шӯрои Вазирони СССР Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР (ВДНХ) таъсис дода шуд. Дар ин намоишгоҳ ҳар кадом аз 15 ҷумҳурӣ гӯшаи худро дошт.

28.05.1987. Дар Рӯзи марзбонон, шаҳрванди Олмони Ғарбӣ Матиас Руст бо тайёраи "Сессна-173П" сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро убур карда, дар Майдони сурхи Маскав фуруд омад.

29.05.1918. КМИ-и РСФСР Декрети боҷҳои гумрукӣ ва муассисоти гумрукиро ба тасвиб расонда, дар кишвар хадамоти гумрукӣ роҳандозӣ гардид.

29.05.1960. Дар СССР аввалин шумораи ҳафтаномаи "Футбол" рӯи чоп омад. Ин нашрия, аввалин нашрияи тахассусии футбол дар аввалин кишвари Шӯроҳо ба шумор рафта, аз соли 1967 хоккей ҳам ба он ҳамроҳ гардид ва нашрия номи "Футбол-Хоккей"-ро гирифт.

29.05.1975. Дар корхонаи мошинсозии Беларусия, истеҳсоли бузургтарин мошини боркаши СССР "БелАЗ-7520" оғоз гардид.

29.05.1988. Оғози сафари расмии президенти ИМА Роналд Рейган ба СССР. Рейган, баъд аз Никсон дуввумин раиси ҷумҳури ИМА буд, ки бо сафари расмӣ аз СССР дидан кард. 

30.05.1918. Георгий Чичерин Комиссари халқии корҳои хориҷии Русияи шӯравӣ таъин карда шуд. Чичерин дар ин маснад Лев Тротскийро иваз намуд.

31.05.1918. Баъди парокандашавии импературии Австро-Венгрия, дар шаҳри Питсбурги ИМА намояндагони миллати чех ва словак миёни ҳам иттиҳод баста,  эълон карданд, ки кишвари наверо бо номи Чехословакия таъсис медиҳанд.

 

31.05.1924. Дар Маскав Анҷумани XIII ба кори худ хотима дод. Ин аввалин Анҷумани Ҳизби болшевикӣ бе иштироки Ленин буда, дар он мактуби маъруфи доҳӣ ба аъзоёни Анҷуман қироат карда шуд. 

1.06.1922. Дар СССР аввалин хатсайри ҳавоии байналмиллалӣ Маскав-Кёнегсберг ифтитоҳ ёфт.

1.06.1929. Дар СССР юриш ба сӯи китобхона эълон карда шуд. Ин юриш мебоист фаъолияти китобхонаҳоро зиндатар намуда, оммаи деҳқонон, коргарон ва ҷавононро ба китобхонаҳо роҳнамоӣ менамуд.

2.06.1936. Дар СССР аввалин хатсайри ҳавоии байниқораӣ (трансконтиненталӣ) бо масири Маскав-Владивосток ба кори худ шурӯ кард. Ин хатсайр яке аз тӯлонитарин хатсайрҳи ҳавоӣ ба шумор мерафт ва он шабу рӯз ин парвозҳо 4 шабонарӯз тӯл мекашиданд. 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter