ХАБАРИ ДОҒ

Аз Маърӯзаи Хрушёв то Нақшаи Маршалл

  • Чоршанбе, Июн 10 2020

4.06.1917. Дар Петроград Анҷумани III-уми Ҳизби эссерон ба кораш хотима дод. Дар ин Анҷуман Ҳизби эссерон ба ду қанот-чап ва рост тақсимбандӣ гардид.

4.06.1918. Сарвари ҳукумати болшевикон Владимир Ленин, ултиматуми немисҳоро бобати баргардонидани Флоти Баҳрисиёии Руссия ба шаҳри Севастополро пазируфт ва киштиҳо ба дасти немисҳо афтоданд.

4.06.1922. Дар Маскав мурофиаи ҷиноии 34 роҳбари Ҳизби эссерӣ оғоз гардид. Мурофиаи эссерон аввалин мурофиаи сиёсӣ дар Русияи Шӯравӣ ба шумор меравад.

4.06.1956. Департаменти Давлатии ИМА, маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро, ки "Бобати шахсиятпарастӣ ва авомили он" ном дошт ва дар Анҷумани ХХ-уми Ҳизб қироат гардида буд, рӯи чоп овард. Матни пурраи ин маърӯза худи ҳамон рӯз аз минбари радиои "Аврупои Озод" қироат карда шуд.

4.06.1989. Дар СССР миёни истгоҳҳои роҳи оҳанӣ Аша ва Улу-Теляк, ҳангоми гузаштани ду қатораи мусофирбар, таркиши газ ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи таркиш 575 нафар ба ҳалокат расида, 623 нафар захмӣ шуданд. Садамаи Аша ва Улук-Теляк бузургтарин садамаи роҳиоҳанӣ дар таърихи СССР ва ҳатто Русия ба шумор меравад.

 5.06.1918. Файласуф ва нависандаи маъруфи рус Иван Бунин ҳамроҳи завҷааш ҳудуди Русияи Шӯравиро барои ҳамеша тарк кард.

5.06.1945. Фармондеҳони низомии се кишвари иттифоқчӣ Жуков, Эйзенхауер, Монтгомерӣ ва Латр де Тассинии дар Берлин Эъломияи шикасти Олмонро дар ҷанг ва ба зимаи се кишвар СССР, ИМА, Инглис ва Фаронса гузаштани ҳокимият дар Олмонро ба имзо расониданд. Бо имзои ин Эъломия, тақсими Берлин оғоз гардид. 

5.06.1947. Котиби Давлатии ИМА Ҷорҷ Маршалл дар Донишгоҳи Гарвард суханронӣ кард ва нақшаи кумак ба Аврупои баъдиҷангиро бо ҳозирин дар миён гузошт. Ин нақша "нақшаи Маршалл" ном гирифт ва президенти ИМА Трумэн баъди чанде 3,121 миллиард долларро барои ин кор сафарбар намуд.

6.06.1919. Англисҳо дар наздикии Кронштадт ду киштии шӯравиро ғарқ карданд ва Финляндия ба Русияи Шӯравӣ ҷанг эълон намуд.

 

6.06.1956. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирони кишвар пардохти маблағ барои таҳсил дар синфҳои болоии мактабҳои миёна ва муассисаҳо олӣ ва миёнаи махсуси кишвар, бекор карда шуд.  

7.06.1918. Дар РСФСР аввалин Анҷумани комиссарони ҳарбии сурх баргузор гардид.

8.06.1918. Дар Маскав бо роҳабрии Феликс Дзержинский Конфронси аввалини Комиссияҳои фавқулъодда (ЧК) доир гардид.  

8.06.1919. Ҳукумати РСФСР, Нестор Махно роҳбари анархистони Украинаро душмани ҳокимияти шӯравӣ эълон кард.

9.06.1917. Дар Петроград аввалин Анҷумани Умумирусиягии вакилони коргарон ва аскарон доир гардид.

10.06.1920. Дар РСФСР КИМ дастуруламал "Бобати милитсияи коргару-деҳқониро" ба тасвиб расонид. Он замон милитсия чун "дастаҳои мусаллаҳи таъиноти махсус" муаян гардида буд.

10.06.1930. Дар СССР қарори Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа бобати сохтмони канали обии Беломоро-Балтийск ба тасвиб расид. Ин сохтмон яке аз сохтмонҳои зарбдори СССР ба шумор рафта, бо ҷалби 120 ҳазор маҳбус соли 1933 ба итмом расид.

 

Меҳрубон  Салимшоев,

Муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter