ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси Комбед то парвози Валентина Терешкова ба кайҳон

  • Чоршанбе, Июн 17 2020

 

11.06.1918. Ҳаракати миллии қазоқон "Алаш" тамоми эъломияҳои ҳукумати Шӯравиро дар қаламрави Қазоқистон ғайри қонунӣ эълон намуд.

11.06.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ кумитаҳои камбағалони деҳот (комбедҳо) таъсис дода шуданд. Ин кумитаҳо асоситарин такягоҳи диктатураи пролетариат дар деҳот маҳсуб меёфтанд.

11.06.1925. Дар СССР қарори Кумитаи Марказии Иҷроя ва ШКХ бобати Дастуруламали нави Парчамҳои сурхи инқилобии ҷузъу томҳои Артиши Сурхи Коргару-Деҳқонӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши Сурх намунаи ягонаи парчам роҳандозӣ гардид.

12.06.1929. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав Анҷумани умумииттиҳодии бехудоён-атеистон ба кори худ шурӯ кард.

12.06.1936. Дар матбуоти СССР лоиҳаи Сарқонуни нав, барои муҳокимаи умумихалқӣ нашр карда шуд. Ин Сарқонун, ки бо Сарқонуни сталинӣ маъруф аст, дар замони худ яке аз демократитарин ба шумор мерафт ва тағйироти зиёде дар системи сиёсӣ ва интихоботии шӯравӣ роҳандозӣ намуд. 

12.06.1951. Дар СССР собиқ вазири бехатарии давлатӣ генерал В. Абакумов ба ҳабс гирифта шуд.

12.06.1989. Роҳбари СССР Михаил Горбачев ва канслери Олмони Ғарбӣ Ҳелмут Кол дар шаҳри Бон ҳуҷҷатеро имзо карданд, ки тибқи он, тамоми кишварҳои аврупоӣ худашон тасмим мегирифтанд аз кадом системаи сиёсӣ пайравӣ кунанд.

12.06.1990. Анҷумани вакилони мардумии РСФСР Эъломияии соҳибистиқлолии давлатии Русияро қабул кард. Ин рӯз дар Русия, чун Рӯзи истиқлолият ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

13.06.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори ШКХ, Шӯрои ҳарбии инқилобӣ (Реввоенсовет) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин ниҳоди навтаъсис, роҳбарӣ ба мубориза алайҳи шӯриши корпуси чехословакӣ ба шумор мерафт.

13.06.1988. Пленуми Суди олии СССР, ҳукми додгоҳии корҳои ҷиноии Зиновев, Каменев, Пятаков ва Радекро, ки соли 1936 ва 1937 паррондашуда буданд, бекор кард.

Инчунин маршалҳои маҳкумгардида Тухачевский ва Якир низ бегуноҳ карда шуданд.

14.06.1939. Дар СССР эълон карда шуд, ки илми генетика бо диалектикаи марксистӣ таззод дорад.   

14.06.1941. Дар ҷумҳуриҳои Латвия, Литва ва Эстония, ки чанде қабл ба СССР ҳамроҳ гардида буданд, бадарғакунии оммавии мардуми маҳаллӣ ба Сибир оғоз гардид. Ҳамасола 14 июн дар ин кишварҳо, чун Рӯзи ёдбудӣ қурбониёни коммунизм ёдбуд мегардад.

14.06.1963. Кишвари Чин, нақши роҳбарикунандаи СССР-ро дар ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ эътироф накард. 

14.06.1969. Дар СССР бо сабаби хушксолӣ, вазъияти фавқуллодда дар хоҷагии халқ эълон карда шуд ва тамоми аҳолӣ барои наҷоти ҳосил даъват карда шуд.

15.06.1930. Дар шаҳри Ростов, сохтмони биноҳои асосии корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ (Ростселмаш) ба охир расид. Ин корхона, бузургтарин корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ дар СССР ба шумор мерафт. 

16.06.1963. Дар СССР киштии кайҳонии "Восток-6" бо аввалин зани кайҳонавард Валентина Терешкова ба фазои кайҳонӣ баромад.

16.06.1977. Дар СССР Леонид Брежнев Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР таъин карда шуд. Бо ин тайъинот барои аввалин бор дар СССР вазифаи ҳизбӣ ва давлатӣ дар дасти як фард қарор гирифт.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter