ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси ГАИ то "Парвандаи Шахтинск".

  • Чоршанбе, Июл 08 2020

3.07.1936 Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Бозрасии Автомобилии Давлатӣ (ГАИ) таъсис дода шуд.

3.07.1940. Баъди шикасти Полша СССР манотиқи Бесарабия ва Буковинаро ба тассаруфи худ даровард. Дар ин минтақа Ҷумҳурии Шӯравии Молдавия таъсис дода шуд.

3.07.1956. Президенти вақти ИМА Дуайт Эйзенхаузер ба парвози тайёраҳои нави ҷосусии "У-2" аз болои ҳарими ҳавоии СССР иҷозат дод. Ин тайёраҳо чанд сол бе мамониат аз болои СССР парвоз намуда, заминро аккосӣ мекарданд. Дар аввали солҳои 60-ум яке аз тайёраҳои "У-2" дар наздикиҳои Сведловск ҳадаф қарор гирифт ва ба замин суқут кард. Танҳо баъди ин, парвозҳо мутаввақиф шуданд.

4.07.1921. Дар СССР Шӯрои давлатии илмӣ таъсис дода шуд. Сарварии Шӯроро академик М.Н.Покровский ба ӯҳда дошт.

4.07.1957. Дар СССР озмоиши тайёраи мусофиркаши "Ил-18" бо муваффақият анҷом ёфт. "Ил-18" солҳои тӯлонӣ яке аз тайёраҳои асосии мусофиркашӣ дар ширкати “Аэрофлот” ба шумор мерафт.

5.07.1918. Болшевикони украинӣ Ҳизби коммунистии болшевикии Украинаро таъсис доданд. 

5.07.1943. Оғози муҳорибаи Курск дар рафти ҶБВ. Муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои калидии ҷанг ба шумор меравад ва дар он Артиши Сурх нерӯи зарбазани артиши олмониро шикаст дод.

5.07.1978. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, КБД (КГБ) аз итоати Шӯрои Вазирон бароварда шуд ва ба итоати "Бюрои сиёсӣ" даромад. 

 5.07.1986. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, аввалин Бозиҳои иродаи озод баргузор гардиданд.

Бозиҳои иродаи озод дар ҳаҷм ба Бозиҳои олимпӣ шабоҳат дошт, чун ҷойгузини онҳо дар солҳои таҳримӣ Бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шуда буданд. Ин Бозиҳо ҳар чор сол як маротиба бо ташаббуссӣ ташкилотҳои варзишӣ, доираҳои соҳибкор ва ҷомеаи ИМА ва кишварҳои узв баргузор мегардиданд. Шиори асосии Бозиҳои иродаи озод "Аз дӯстӣ дар варзиш то сулҳ дар Замин!" буд.

 6.07.1918. Шӯриши эссерони чап дар Маскав. Эссерони чап сафири Олмон дар РСФСР граф Мирбахро ба қатл расониданд ва даст ба қиёми мусаллоҳона заданд. Болшевикон танҳо бо истифодаи тирандозони сурхи латишӣ тавонистанд шӯриши эссеронро пахш кунанд.

 6.07.1923. Қарори таъсиси СССР ва қабули Сарқонуни СССР расман қувваи қонунӣ пайдо кард. 

6.07.1928. Дар Маскав яке аз аввалин мурофиаҳои сиёсӣ "Парвандаи Шахтинск" анҷом ёфт. Ин парвандаи ҷиноӣ теъдоди зиёди муҳандисони кӯҳии Донбассро ба коршиканӣ мутаҳҳам кард ва барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. 

6.07.1941. Дар СССР барои паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ карда шуд.

7.07.1921. Дар Русияи шӯравӣ таъсиси корхонаҳои хусусӣ бо зиёда аз 20 коргар иҷозат дода шуд.

7.07.1938. Дар Ленинград студияи таҷрибавии телевизионӣ, барномаи консертии 2 соатаро намоиш дод. Ин намоиш, аввалин намоиши телевизионӣ дар СССР ба шумор меравад.

8.07.1920. Дар СССР барои аввалин бор дар ҷаҳон озмоишҳо бобати истифодаи ҳамлу нақли ҳавоӣ (авиатсия) дар мубориза бар зидди зарарасонҳои хоҷагии қишлоқ баргузор гардиданд. Баъди ин, ҳамлу нақли ҳавоӣ дар хоҷагии қишлоқи кишвар мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт. Аз ҷумла дар Тоҷикистон пахтаро бо тайёраҳои “Кукурузник” дору мезаданд.

9.07.1941. Дар СССР Коллегияи ҳарбӣ олими машҳур Николай Вавиловро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба Англия ба қатл маҳкум кард.

10.07.1934. Дар СССР бо Қарори КИМ, ОГПУ ба Раёсати марказии бехатарии давлатӣ табдил дода шуда, ба ҳайати Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД) ворид карда шуд.

10.07.1941. Оғози муҳорибаи Смоленск дар рафти ҶБВ. Муҳорибаи Смоленск дар шикасти нақшаи "Барбаросса" нақши вежа дошт ва немисҳо дар инҷо зиёда аз як моҳ таваққуф карданд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев,

муаррихи СССР

Тел.: 937-77-66-30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter