10.07.1918. Дар Маскав, Анҷумани V-и умумирусиягии Шӯроҳо доир гардид, ки дар он аввалин Сарқонуни РСФСР қабул карда шуд.
10.07.1925. Дар СССР бо қарори Раёсати КМИ ва ШКХ Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.
10.07.1925. Аз Маскав шаш тайёраи шӯравӣ бо хатсайри Маскав - Улан-Батор - Пекин ба парвоз даромаданд. Ин парвоз аввалин парвози дарозмуддати ҳавонавардони шӯравӣ ба шумор меравад. Тайёраҳои шӯравӣ дар 7 рӯз масофаи 6476 км-ро тай карданд.
11.07.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР аввалин буҷаи Русияи шӯравиро барои шаш моҳ ба тасвиб расонид.
11.07.1921. Дар Муғулистон, артиши халқии муғул бо кумаки Артиши Сурх бар нерӯҳои истилогари чинӣ пирӯз гардида, дар Муғулистон ҳукумати шӯравӣ барқарор карда шуд.
11.07.1942. Генерали шӯравӣ Андрей Власов дар деҳаи Туховежи вилояти Ленинград аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ (ва ба як ривояте бо хоҳиши худаш) ба немисҳо таслим карда шуд. Власов баъди чанде ба ҳамкорӣ бо немисҳо ризоят дода Артиши озодихоҳи русро таъсис намуд.
11.07.1960. Ҳукумати Чехословакия эълон кард, ки дар кишвар сохти сотсиалистӣ пирӯз гардида, Чехословакия ба Ҷумҳурии Шӯравии Чехословакия тағйири ном кард.
12.07.1943. Дар рафти амалиёти Курск, дар назди деҳаи Прохоровка бузургтарин набарди танкии Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст. Дар ин набард, нерӯҳои вежаи танкии Артиши олмонӣ ва Артиши Сурх ширкат варзиданд.
12.07.1988. Шӯрои вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ эълон кард, ки Қарабоғ аз ҳайати Озарбойҷон мебарояд.
13.07.1947. Дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аврупоӣ барои қабули нақшаи барқарорсозии Аврупо, ки аз ҷониби котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Маршалл пешниҳод шуда буд, ризоят доданд. Аммо кишварҳои блоки шӯравӣ ва Финляндия аз ширкат дар ин конфронс худдорӣ карданд.
14.07.1933. Дар СССР Экспедитсияи Артикӣ оғоз гардид. Ин экспедитсия бо сарварии Отто Шмидт дар киштии "Челюскин" доир гардида, баъди чанде киштӣ дар миёни яхҳо роҳбанд монд ва аз ҷониби ҳавонавардони шӯравӣ наҷот дода шуд.
14.07.1990. Дар СССР Фармони Горбачев "Бобати демократикунонӣ ва рушди телевизион" ба тасвиб расид.
15.07.1923. Дар СССР аввалин ширкати ҳавопаймоии давлатӣ "Аэрофлот" таъсис дода шуд ва аввалин парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат бо хатсайри Маскав-Нижний Новгород доир гардид.
15.07.1988. Дар СССР бори аввал тариқи телевизиони марказӣ гузориши васеъ аз нишасти Раёсати Шӯрои Вазирони СССР намоиш дода шуд.
15.07.1990. Раёсати Шӯрои Олии СССР бо қарори махсуси худ дар ҳудуди Вилояти мухтори Қаробоғи Кӯҳӣ вазъияти фавқулоддаро ҷорӣ намуд.
16.07.1920. Кишварҳои блоки Антанта эълон карданд, ки муҳосираи Русияи Шӯравиро қатъ мекунанд.
16.07.1945. Дар иёлоти Ню-Мексики ИМА, аввалин озмоиши бо муввафақияти бомбаи атомӣ анҷом гирифт.
Меҳрубон Салимшоев