17.07.1917. Дар Петроград Шӯриши июлии коргарон алайҳи Ҳукумати муваққат оғоз гардид. Ба ҳукумати муваққат муяссар гардид, ин шӯришро саркуб гардонад, аммо бо пахши он Ҳукумати муваққат охирин машрӯъияти худро ҳам аз даст дод.
17.07.1917. Дар рӯзномаи "Ваҳдат" (“Единство”), ки ба меншевикони плехановӣ таалуқ дошт, мақолаи рӯзноманигори рус Г. Алексинский нашр гардид, ки дар он гуфта мешуд, Ленин ва ҳизби болшевикӣ аз ҷонибюи немисҳо маблағгузорӣ мегарданд.
17.07.1917. Фармондеҳи Балтфлот, алмирал Д. Вердеревский, фармони Ҳукумати муваққатро бобати фиристодани киштиҳои ҳарбӣ алайҳи баҳрнавардони (матросҳои) Кронштадт иҷро накард. Баъди чанде ҳамин баҳрнавардон ба нерӯи асосии болшевикон табдил ёфтанду Ҳукумати муваққатро сарнагун намуданд.
17.07.1918. Дар таҳхонаи хонаи Ипатев дар Екатеринбург, аз ҷониби болшевикон охирин императори Русия Николаи 2-юм бо ҳамроҳии ҳамаи аъзои хонаводааш ба қатл расонида шуд
17.07.1942. Оғози давраи аввали (мудофиавии) набарди Сталинград.
18.07.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин бозии Ҷоми СССР оид ба футбол доир гардид.
18.07.1955. КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР қарор доданд, ба Ветнами Шимолӣ кумаки ройгон ба маблағи 400 млн рубл ирсол намоянд.
19.07.1920. Дар Русияи шӯравӣ, Комиссияи фавқулоддаи рафъи бесаводӣ созмон дода шуд.
19.07.1924. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи “Варзиши сурх” (“Красный спорт”) рӯи чоп омад. Ин рӯзнома баъди чанде ба Варзиши шӯравӣ (“Советский спорт”) тағйири ном карду яке аз рӯзномаҳои серхонанда дар қаламрави собиқ Иттиҳод ба шумор мерафт.
20.07.1941. Дар СССР, Комиссариати халқии амнияти давлатӣ (НКГБ) бо Комиссариати халқии корҳои дохила (НКВД) мутаҳҳид карда шуд.
20.07.1944. Дар қароргоҳи Адолф Гитлер (Лонаи гург), воқеъ дар Прусияи Шарқӣ, маъруфтарин суиқасд ба ҷони Фюрери олмонӣ иттифоқ афтод.
21.07.1918. Тоторҳои Қрим ба Олмон (ки он шабу рӯз Қримро тассаруф намуда буд) муроҷиат карданду аз немисҳо хостанд, Қримро хонигарии тоторҳо эълон кунанд.
21.07.1937. Ҳукумати шӯравӣ, кормандони радиои давлатии РСС Украинаро ба миллатгарои муттаҳам кард ва бештари рӯзноманигоронро бо ин иттиҳом ба ҳабс гирифт.
21.07.1941. Аввалин ҳуҷуми ҳавоии тайёраҳои бомбаафкани немис ба пойтахти СССР-шаҳри Маскав.
22.07.1930. Маркази колхозии (Колхозцентр) СССР, музди меҳнати колхозчиёнро на бо пул, балки бо рӯзҳои корӣ қарор дод.
22.07.1946. Дар шаҳри Ню Йорк Конфронси байналмиллалии тандурустӣ ба охир расид ва дар он, Низомномаи Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) қабул карда шуд.
22.07.1960. Давлати Куба, тамоми корхонаҳои қанди амрикоиро дар қаламрави худ миллӣ кард. Акнун қанди кубаиро ба СССР мебурданд.
22.07.1989. Дар РСС Тоҷикистон, забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.
23.07.1975. Давлати Канада, тамоми бандарҳои атлантикии худро барои киштиҳои моҳигирии шӯравӣ мамнӯъ эълон кард.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30