ХАБАРИ ДОҒ

Аз Рӯзи синамо то террори сурх

  • Чоршанбе, Сен 02 2020

27.08.1919. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР бо қабули Эъломияи махсус тамоми саноати синамо ва аксгириро дар кишвар миллӣ кард. Дар СССР аз соли 1979 ин сана чун Рӯзи синамои шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд.

27.08.1922. Дар Маскав аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Крокодил" рӯи чоп омад. Ин маҷаллаи ҳаҷвӣ баъдан уммумииттиҳодӣ гашта, дар ҷумҳуриҳои бародарӣ низ нашр мегардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи "Хорпуштак" маъруф буд.

27.08.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ҳукумати кишвар, қарор дода шуд, хатмкунандагони аълохони макотиби миёнаро бо медалҳо қадрдонӣ кунанд. 

27.08.1966. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, бо қарори КМ ҲКИШ Донишкадаи таърихи ҳарбӣ таъсис дода шуд. 

28.08.1941. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ, тамоми аҳолии немистабори навоҳии назди Волга (Поволже) ба манотиқи Сибир ва Осиёи Миёна бадарға карда шуданд. 

28.09.1994. Дар Русия пас аз 290 сол истифодаи тангаҳо аз муомилаи пулӣ хориҷ карда шуданд. 

29.08.1938. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Шӯравӣ, таълими ғоибонаи донишҷӯён ҷорӣ карда шуд.

29.08.1949. СССР дар майдони озмоишии Семипалатински Қазоқистон, озмоиши аввалин бомби атомиро анҷом дод.

29.08.1949. Югославия барои бартараф кардани зарари таҳримҳои иқтисодии  шӯравӣ, аз ИМА дархости кумаки пулӣ кард. 

30.08.1918. Суиқасд ба ҷони роҳбари ҳизби болшевикон Владимир Ленин дар Маскав. Худи ҳамин рӯз дар Петроград бошад, раиси ВЧК-и шаҳр Уритский кушта шуд. Суиқасд ба Ленин ва қатли Уритский заминасози террори сурх дар Русияи шӯравӣ гардиданд.

30.08.1935. Дар Маскав конгресси VII-и Коминтерн баргузор гардид. Дар ин конгресс коммунистон қарор доданд барои мубориза бо фашизм бо сотсиал демократҳои дунё иттиҳод баста, дар якҷояги алайҳи фашистон "фронти ягонаро" созмон диҳанд.

 

30.08.1991. Дар РСС Украина фаъолияти Ҳизби коммунист мамнуъ эълон карда шуд. 

31.08.1920. Дар Русия Шӯравӣ аввалин танкӣ шӯравӣ сохта шуд. Ин танк "Муборизи инқилоб рафиқ Ленин" ном дошта, дар асоси танки фаронсавии Рено сохта шуда буд. 

31.08.1935. Ангишткани донбассӣ Алексей Стаханов нақшаи шабонарӯзии истеҳсоли ангиштро 14 баробар афзоиш дода, роҳандози ҳаракати стахановӣ дар СССР гардид.

31.08.1939. Низомиёни немис, бо либоси артиши полякӣ ба нуқтаи радиоӣ дар Гливитс ҳамла карда, ин баҳона барои ҳуҷуми Олмон ба Полша гардид.

31.08.1989. Дар РСС Молдова, забони молдаванӣ забони давлатӣ эълон гардида, ба ҳуруфи лотинӣ гузаронида шуд.

1.09.1939. Артиши олмонӣ ба Полша ҳамла кард ва ин амалкарди немисҳо Ҷанги ҷаҳонии дуввумро оғоз бахшид.

1.09.1977. Дар СССР матни нави суруди давлатӣ (гимн) ба тасвиб расид, ки дар он калимоти ба Сталин таалуқ дошта ҳазф карда шуданд.

2.09.1918. Дар РСФСР Лев Тротский сарфармондеҳи олии Артиши Сурх таъин карда шуд.

Меҳрубон  Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter