ХАБАРИ ДОҒ

Аз фатҳи "Коммунизм" то Истиқлолияти давлатӣ

  • Панҷшанбе, Сен 10 2020

3.09.1914. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии аввал, киштии зериобии олмонии U-21, бо истифода аз торпеда, крейсири сабуки англисӣ "Радёб"-ро зада, ғарқ кард.              Ин ҳодиса баёнгари он шуд, ки бори аввал дар таърихи ҷангҳои муосир, киштии зериобӣ киштии ҳарбии рӯиобиро ғарқ кард. 

3.09.1918. Кӯҳнавари шӯравӣ Евгений Абалаков ба баландтарин нуқтаи кӯҳии СССР баромад. Қуллаи баландтарини СССР-дар оғоз қуллаи Сталин номгузорӣ гардид ва баъдан ба "Коммунизм" тағйири ном кард. Ин қулла 7495 метр баландӣ дошта, дар қатторкӯҳҳои Помиру-Олой дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷойгир гардидааст. Қуллаи мазкур баъди ба Истиқлолият расидани кишвар боз тағйири ном карда, акнун қуллаи Исмоили Сомонӣ ном дорад.

3.09.1939. Баъди ҳуҷуми Олмон ба Полша, кишварҳои ҳампаймони ахирӣ, Англия, Фаронса, Ҳиндустон, Австралия ва Зеландияи Нав ба Олмон ҷанг эълон намуданд.

3.09.1945. Рӯзи ғалабаи СССР бар Японияи милитаристӣ. Ин рӯз дар собиқ Иттиҳод солҳои тӯлонӣ чун ҷашни давлатӣ истиқбол меёфт ва баъдан аз ҷашни он даст кашиданд.

3.09.1953. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, Никита Хрушёв ба вазифаи котиби аввали КМ ҲКИШ интихоб гардид.

3.09.1971. СССР, Англия, ИМА ва Фаронса қарордоди чаҳоргонаро ба имзо расониданд, ки вазъи (статуси) Берлини Ғарбиро муайян мекард. Дар ин қарордод қайд гардид буд, ки Берлини Ғарбӣ ҷузъи Олмони Федеративӣ (ФРГ) маҳсуб намеёбад. 

4.09.1937. Дар Лозаннаи Шветсария, ҷосусони НКВД яке аз роҳбарони Коминтерн И. Рейсро ба қатл расониданд. Рейс дар Коминтерн нақши боризеро ифо мекард ва чанде қабл ба тарафи Тротский гузашта буд. 

4.09.1945. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Кумитаи Давлатии Мудофиа ба фаъолияти худ хотима дод. Ин Кумита дар ҳолати ҷангӣ фаъолият мекард ва СССР дигар дар ҳолати ҷанг набуд.

5.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ РСФСР Эъломияи оғози террори сурхро содир намуд.

5.09.1929. КМ ВКП(б) Қарор "Бобати чорабиниҳо барои танзими идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани идоракунии воҳид дар он"-ро ба тасвиб расонид.

То қабули ин Қарор, ҳар корхона аз ҷониби се нафар директор, котиби ташкилоти ҳизбӣ ва раиси кумитаи иттифоқи касаба идора мешуд. Бо қабули қарори мазкур бошад, авлавият ба котиби ҳизбӣ дода мешуд ва ӯ болотарин зинаи роҳбарикунандаи корхонаҳо гардид. Ва аз ин ба баъд, танҳо аъзои ВКП(б) ҳаққи роҳбарӣ дар корхонаҳоро доштанд.

5.09.1940. Дар рӯзномаи "Ҳақиқати пионерӣ" аввалин қисмати повести Аркадий Гайдар, "Темур ва командаи ӯ" чоп гардид. Ин асари Гайдар дар собиқ СССР аз маъруфияти вежае бархурдор буда, аз рӯяш филми бадеӣ низ гирифта шудааст.

6.09.1928. СССР ба пакти (созишномаи) Бриан-Келлог ҳамроҳ гардид. Ин созишнома ҳамаи кишварҳоро водор мекард, зиддиятҳои байналмиллалиро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл кунанд. 

6.09.1936. Дар СССР унвони фахрии "Артисти халқии СССР" таъсис дода шуд. Бори аввал ин унвон ба К.С. Станиславский, Н.И. Немирович-Данченко, В.И. Качалов ва И.М. Москвин дода шуда буд. Бори охир бошад, соли 1991 А.Б. Пугачева ва О.И Янковский соҳиби унвони "Артисти халқии СССР" шуда буданд.

7.09.1918. Дар Петроград, дар заминаи агентии телеграфии Бюрои матбуоти назди ШКХ РСФСР, Агентии телеграфии Русия (РОСТА) таъсис дода шуд. Ин Агентӣ, баъдиди таъсиси ТАСС дар соли 1925 ба агентии хабарии РСФСР мубаддал гардид ва соли 1935 аз байн бурда шуд.

8.09.1941. Артиши олмонӣ, шаҳри Ленинградро пурра ба иҳота гирифта, Муҳосира ё Блокадаи Ленинград оғоз гардид.

9.09.1991. Тоҷикистон, расман соҳибистиқлолиятии худро эълон намуд. Ин рӯз дар кишвари мо, чун Рӯзи истиқлолият ҳамасола васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Меҳрубон  Салимшоев

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter