24.09.1938. Дар СССР экипажи занонаи Валентина Гризодубова дар тайёраи "Ватан" (“Родина”) аввалин парвози мустақимро аз Маскав ба Шарқи Дур бо муваффақият анҷом дод.
25.09.1962. Роҳбари Куба Фидел Кастро, баъди ошкор шудани киштиҳои зериобиии шӯравӣ дар ин кишвар изҳор намуд, ки СССР мехоҳад дар Куба қароргоҳ барои флоти моҳигирии худ бисозад.
25.09.1989. Шӯрои Олии Литва эълон намуд, ки ҳамроҳшавии ин ҷумҳурӣ ба СССР дар соли 1940 ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.
26.09.1921. Ҳукумати Русияи Шӯравӣ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳонӣ даъват кард, ба гуруснагони Поволже кӯмакрасонӣ кунанд.
26.09.1968. Рӯзномаи "Правда" назарияи сиёсӣ ё ба таъбире "доктринаи Брежнев"-ро нашр кард. Тибқи ин назария, истиқлолияти кишварҳои сотсиалистӣ мебоист маҳдуд карда мешуд.
26.09.1983. Полковник Станислав Петров ҷанги қарибулвуқуи атомиро миёни СССР ва ИМА пешгирӣ кард.
27.09.1977. Дар РСС Украина нерӯгоҳи атомии Чернобил ба фаъолияти худ оғоз намуд. Нерӯгоҳи Чернобил аввалин нерӯгоҳи атомии Украинаи шӯравӣ буда, моҳи апрели соли 1986 ба садама дучор гардид.
27.09.1990. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони пулиси ҷаҳонӣ "Интерпол" ворид гардид.
27.09.1991. Дар Максав Анҷумани ХХII-юми ВЛКСМ (Комсомоли ленинӣ) доир гардид. Ин охирин Анҷумани комсомол буда, дар он "тақдири ВЛКСМ" мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди баррасиҳои тӯлонӣ комсомолони шӯравӣ ба хулосае омаданд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунанд.
28.09.1925. Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргару-деҳқон ба тасвиб расид.
29.09.1941. Қатли оммавӣ дар маҳалли Бабий Яри наздикиҳои Киев. Дар ин рӯз немисҳо дар Бабий Яр наздики 6 000 яҳудиён, лӯлиҳо ва сарбозони асири шӯравиро ба қатл расониданд. Куштори Бабий Яр яке аз мудҳиштарин кушторҳо дар рафти ҶБВ ба шумор меравад.
29.09.1943. Додгоҳи шаҳри Токио, ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард. Зорге соли 1941 дар Токио дастгир гардида, 7 ноябри соли 1944 дар яке аз зиндонҳои Токио ба қатл расонида шуд.
29.09.1990. Ҳукумати Қазоқистон ба навоҳии русзабони ин кишвар иҷозат дод, дар мантиқашон забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ, ба тадриҷ то соли 2000-ум ҷорӣ кунанд.
30.09.1928. Дар рӯзномаи "Правда" мақолаи Н. Бухарин "Қайдҳои иқдисоддон" нашр гардид, ки дар он Бухарин сиёсати иқтисодии Сталинро зери танқид қарор дода буд.
30.09.1967. Бори аввал дар ҷаҳон киштиҳои кайҳонии шӯравӣ "Космос-186" ва "Космос-188" дар фазои кайҳонӣ ба таври автоматӣ ба ҳам пайваст гардиданд.
30.09.1984. Дар СССР, шохаҳои ғарбӣ ва шарқии роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) ба ҳам васл карда шуда, ин сохтмони азим ба анҷом расид.
1.10.1941. Дар Маскав дидори се тарафаи ҷонибҳои СССР, ИМА ва Англия ба анҷом расид. Дар натиҷаи ин дидор, СССР, ИМА ва Англия қарордоди се тарафаро бобати таъмини СССР бо масолеҳи ҷангӣ ва силоҳ ба имзо расониданд, ки дар таърих бо номи Ленглиз маъруф аст.
Меҳрубон Салимшоев,
муаррихи СССР
Тел.: 937-77-66-30