18.09.1934. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Лигаи Миллатҳо (ҷойгузини пешинаи СММ) ворид гардид.
18.09.1947. Дар ИМА Раёсати Марказии Ҷосусӣ (ЦРУ) созмон дода шуд. Ин Марказ асоситари ниҳоди ҷосусии ИМА гардида, фаъолияташ дар оғоз бар зидди СССР ва иттифоқчиёнаш равона шуда буд.
19.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР баровардани ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихиро ба хориҷа манъ кард.
19.09.1922. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи "Милитсия" рӯи чоп омад. Ин маҷалла асоситарин минбари матбуоитии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар СССР буд.
19.09.1923. Дар СССР қарор "Бобати бонги ноқус" ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳақ доштанд дар ҳолати зарурат ноқусҳоро аз болои калисоҳо бардоранд.
19.09.1941. Дар рафти ҶБВ гурӯҳи дуюми танкии немисҳо дар наздикиҳои шаҳраки Лохвитси бо нерӯҳои гурӯҳи якуми танкӣ пайваст ва нерӯҳои Артиши Сурхро, ки Киевро мудофиа мекарданд, ба муҳосира гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёт теъдоди зиёде аз ҷанговарони шӯравӣ ба асорат афтода, немисҳо Киевро тассаруф намуданд.
19.09.1946. Ҳукумати СССР комиссиюни махсусеро бобати кори колхозҳо таъсис дод. Ин комиссиюн мебоист амволи колхозиро, ки дар рафти ҶБВ аз тарафи колхозчиён аз худ карда шуда буд ба колхозҳо бармегардонд.
20.09.1918. Дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку, аъзоёни ҳукумати болшевикӣ, ки бо "комиссарони бокуӣ" маъруф буданд ба қатл расиданд.
21.09.1920. Шӯрои Комисарони Халқии Украина омӯзишиши забони украиниро дар макотиби миёнаи кишвар ҳатмӣ кард.
21.09.1949. Роҳбари коммунистони Чин Мао Дзэдун Чинро Ҷумҳурии Халқӣ эълон намуд.
21.09.1973. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи ВКД таъсис дода шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар он таҳсили олии худро комил мекарданд.
22.09.1921. Латвия, Литва ва Эстония ба Лигаи Миллатҳо пазируфта шуданд. Ин се кишвар соли 1940 ба СССР ҳамроҳ гардиданд.
22.09.1939. СССР ва Олмони фашистӣ бо маслиҳати пешакӣ, сарҳадоти худро қад-қади дарёи Висла муқаррар карданд.
22.09.1991. Баъди шикасти ГКЧП дар Маскав ва эътирози мардумӣ, дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизби коммунист мамнӯъ эълон карда шуд.
23.09.1922. Иосиф Сталин лоиҳаи худро, ки аз "автономикунонии" ҷамоҳири шӯравӣ иборат буд, барои муҳокима ба Бюрои сиёсии ВКП(б) пешниҳод кард. Тибқи ин лоиҳа, тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ мебоист ба тобеъияти бевоситаи РСФСР медаромаданд, аммо Ленин ин лоиҳаро рад кард.
23.09.1989. Дар РСС Озарбойҷон, забони озарӣ забони давлатии ин кишвар эълон карда шуд.
23.09.1991. Парлумони Тоҷикистон қарори манъи фаъолияти Ҳизби коммунистро бекор карда, Аслоновро аз вазифааш сабукдӯш ва ба ҷои ӯ Раҳмон Набиевро Раиси ШО таъин намуд.
24.09.1990. Ба Михаил Горбачев барои гузаштан ба иқтисоди бозори ҳуқуқӣ, ваколатҳои фавқулъодда дода шуданд.
Меҳрубон
Салимшоев