ХАБАРИ ДОҒ

Аз таъсиси Ҷумҳурии Бухоро то Ҷоизаи Нобел

  • Чоршанбе, Окт 14 2020

8.10.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Бухоро. Ин ҷумҳурӣ то соли 1924 арзи вуҷуд карда, баъдан пароканда шуда, дар ҳудуди собиқи он Ҷумҳуриҳои Шӯравии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон таъсис дода шуданд. 

8.10.1961. Дар пойтахи СССР, шаҳри Маскав Қасри кремлини анҷуманҳо ифтитоҳ ёфт. Аз ин ба баъд тамоми Анҷуманҳои ҳизбӣ ва чорабиниҳои асосии давлатии Иттиҳод дар ин қаср баргузор мегардиданд.

8.10.1988. Дар РСС Латвия Фронти халқӣ таъсис дода шуд. Фронти халқии Латвия яке аз аввалин фронтҳои халқӣ дар собиқ СССР ҳисобида шуда, мақсади асосии ин ташкилот, ҷудо кардани Латвия аз СССР ба шумор мерафт.

9.10.1989. Дар телевизиони марказии СССР аввалин сеанси Александр Кашпировский намоиш дода шуд.

9.10.1989. Дар СССР ҳуқуқи кормандон барои корпартоӣ ба расмия шинохта шуд.

10.10.1917. Дар ҳайати ҳизби болшевикӣ, барои роҳбарӣ ба шӯриши мусаллаҳона Бюрои сиёсии КМ таъсис дода шуд. Бюрои сиёсӣ баъдан асоситарин ниҳоди роҳбарикунанда дар собиқ СССР боқӣ монд.

10.10.1919. Кишварҳои узви Антанта ва ИМА, ба Русияи Шӯравӣ муҳосираи иқтисодӣ эълон карданд. 

11.10.1931. Ҳукумати СССР қарор дод, дар кишвар тиҷорати хусусиро комилан аз байн бибарад.

11.10.1994. "Сешанбеи сиёҳ" дар Русия. Дар ин рӯз қурби рубли руси якбора нисбат ба доллар поин рафт.

12.10.1924. Таъсиси Ҷумҳурии мухтори Молдавия дар ҳайати РСС Украина. Ин ҷумҳурии мухтор то соли 1940 арзи вуҷуд карда, баъди ҳамроҳшавии Буковина ба СССР ба Ҷумҳурии шӯравии Молдавия табдил дода шуд.

12.10.1958. Дар СССР, дар рӯзномаи "Патриоти шӯравӣ" (Советский патриот) бори аввал шиори "Нақшаҳои ҳизб-нақшаҳои халқ" рӯи чоп омад.

12.10.1960. Роҳбари СССР, Никита Хрушев дар Иҷлосияи 15-уми СММ бо пойафзолаш минбарро кӯбид ва ҳушдор дод, ки "ба Ғарби пӯсида" модари кузкаро нишон медиҳад.

 

13.10.1921. Имзои созишномаи сулҳи Карск. Ин созишномаи миёни ҷумҳуриҳои шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аз як тараф ва Туркия аз тарафи дигар, бо иштироки РСФСР ба имзо расид.    

13.10.1958. Коллективи меҳнатии истгоҳи Маскав-Сартировочная, пешниҳод намуд, ки  дар кишвар мусобиқа барои унвони бригадаи меҳнати коммунистӣ роҳандозӣ гардад.

 14.10.1924. Дар рафти тақсимоти миллӣ маҳалӣ дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистон ва дар ҳайати РСФСР, ҷумҳурии мухтори шӯравии Қара-Қирғиз таъсис дода шуданд.  

14.10.1964. Дар СССР Леонид Брежнев котиби генералии ҲКИШ интихоб гардид. Брежнев дар ин маснад Никита Хрушевро ҷойгузин намуд.

15.10.1985. Дар пленуми навбатии КМ ҲКИШ, Михаил Горбачев нақшаи роҳандозии ислоҳоти иқтисодиро эълон намуд, ки баъдан ба бозсозӣ маъруф гашта, оқибат ба пошхурии СССР мунҷар гардид.  

15.10.1990. Роҳбари шӯравӣ Михаил Горбачев барои саҳмгузориаш ба равобити ҳасанаи СССР бо кишварҳои ғарбӣ ва роҳандозии сиёсати ошкорбаёнӣ бо ҷоизаи Нобел мукофотонида шуд.

 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter