ХАБАРИ ДОҒ

Аз Тоҷикистони Шӯравӣ то Анҷумани XXII

  • Чоршанбе, Окт 21 2020

16.10.1918. Императори Австро-Венгрия Карли 1-ум эълон кард, ки ният дорад аз кишвараш иттиҳоди чаҳоркишвара барпо кунад. Ин кишварҳо мебоист австро-немисӣ, чехӣ, югославӣ ва украинӣ мешуданд.

16.10.1927. Ҳукумати СССР эълон кард, ки оҳиста оҳиста ба рӯзи кории 7 соата мегузарад.

16.10.1929. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон. Тоҷикистон моҳи октябри соли 1924 ба ҳайси Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати РСС Ӯзбекистон таъсис ёфт. Ва баъди саъю талоши 5 солаи инқилобчиёни тоҷик, соли 1929 чун Ҷумҳурии Шӯравӣ ба СССР ҳамроҳ гардид. 

16.10.1941. Воҳима дар Маскав бо сабаби наздик шудани артиши немисӣ ба шаҳр ва овозаҳо бобати гурехтани Сталин аз пойтахт.

16.10.1946. Бо ҳукми додгоҳи Нюрнберг, дар бинои зиндони ҳамин шаҳр 10 аъзои ҳизби фашистӣ ва сарварони Рейхи саввум, Риббентроп, фелдмаршал Кейтел, Калтенбруннер, Розенберг, Франк, Фрик, Штрейхер, Заукел, Йодл ва Зейсс-Инкварт ба қатл расонида шуданд.

17.19.10. Дар Маскав Анҷумани XXII ҲКИШ ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман Нақшаи 3-юми ҲКИШ қабул гардид, ки тибқи он дар СССР то соли 1980 мебоист коммунизм сохта мешуд.

17.10.1991. Дар СССР аввалин оператори вуруд ба Интернет бо номи Гласнет ба кори худ шурӯ кард.

18.10.1920. Аз 18 то 21 октябр дар Маскав, дар бинои Хонаи матбуот, аввалин Анҷумани уммурусиягии нависандагони пролетарӣ баргузор гардид. Дар Анҷуман низомномаи Иттиҳоди умумирусиягии нависандагони пролетарӣ қабул гардида, Иттиҳоди нависандагон расман рӯи кор омад.

18.10.1929. Аввалин парвози тайёраи мусофирбарӣ "К-5". Ин тайёра аз ҷониби К.А.Калинин сохта шуда, аввалин тайёраи мусофирбари СССР ба ҳисоб мерафт. Тайёраи "К-5" то соли 1940 асоситарин тайёраи ширкати "Аэрофлот" ба шумор мерафт.

18.10.1941. Дар пойтахи Япония, шаҳри Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зорге дастгир гардид.

19.10.1918. Дар Поволже Коммунаи меҳнатии немисҳо таъсис дода шуд. Ин коммуна баъди 5 сол ба Ҷумҳурии мухтори немисҳо табдил дода шуда, соли 1941 аз ҷониби Сталин барҳам дода шуд.

19.10.1956. СССР ва Япония Эъломияи якҷояро қабул карданд, ки он ҳолати ҷангро миёни ду кишвар аз байн бурда, муносибати дипломатии ду тарафаро миёни онҳо барқарор мекард. Тибқи ин эъломия, СССР муваззаф гардид ба Япония ҷазираҳои Хобомаи ва Шикотани силсилаҷазираҳои Курилро баргардонад. 

 20.10.1929. Дар СССР, Кумитаи Марказии ВКП(б) коллективикунонии оммавии хоҷагии қишлоқро эълон намуд.

20.10.1970. Дар СССР аввалин бозии "Спортлото" доир гардид. 

21.10.1917. Гарнизони ҳарбии Петроград ба тарафи Кумитаи Ҳарби Инқилобӣ гузашт ва ғалабаи болшевиконро ногузир кард.

21.10.1948. Созмони Миллали Муттаҳид, пешниҳоди СССР бобати аз байн бурдани тамоми силоҳи атомӣ рад кард.

21.10.1968. Дар пойтахти РСС Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд аввалин Кинофестивали умумуҷаҳонии кишварҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ баргузор гардид.

Меҳрубон 

Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter