ХАБАРИ ДОҒ

Язов-вопасин маршали СССР

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016


22.04.1870 Владимир Улянов Ленин дар Симбирски Русия ба дунё омад. Соли 1887 ба Донишгоҳи шаҳри Қазон дохил шуд. Дар Донишгоҳ ба фаъолияти инқилобӣ шурӯъ карда, бо ин «ҷурм» аз Донишгоҳ хориҷ шуд. Ноябри с.1891 дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба таври экстерн (фаврӣ) бо ихтисоси ҳуқуқшинос имтиҳон супорид ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. Майи с.1895 бори аввал ба хориҷа рафта, бо Плеханов ва дигар лидерони ҷумбиши байналмилалии коргарӣ вохӯрд. Баъди бозгашт бо ҳамроҳии Мартов дастаҳои парокандаи марксистиро дар ҳаракати «Иттиҳоди мубориза барои озодии меҳнаткашон» муттаҳид сохт.

Декабри с.1895 ҳабс ва бадарға шуд. Соли 1900 рӯзномаи «Искра»-ро созмон дод. Декабри с.1901 дар журнали «Заря» нахустин мақолааш бо тахаллуси «Ленин» чоп шуд. Соли 1903 дар Анҷумани 2-и РСДРП фаолона иштирок кард ва программаи ҳизбро тартиб дод. Дар съезд сотсиалистони рус ба болшевикон ва меншевикон тақсим шуданд ва Ленин сарварии болшевиконро ба зима гирифт. Ноябри с.1905 дар инқилоби аввали рус аз Шветсария пинҳонӣ ба Русия баргашт ва ба кумитаҳои Марказӣ ва питерии болшевикон сарварӣ кард. Тирамоҳи с.1907 боз ба хориҷа рафт ва танҳо соли 1917 баъди инқилоби февралӣ тавассути Олмон ба Русия баргашт. 4.04.1917 Ленин тезисҳои апрелии худро дар газ.Правда чоп ва болшевиконро барои гирифтани неруи сиёсӣ даъват кард. Бори аввал шиори «Ҳамаи ҳокимият ба шӯроҳо» тавассути ӯ роҳандозӣ шуд. Баъди пирӯзии инқилоб октябри с.1917 Шӯрои Комиссарони Халқи (СНК)-ро созмон дод ва худ роҳбарияти онро ба зима гирифт. 30.08.1918 эссерони чап ба ҷони Ленин суиқасд карданд, ки бар асари он дар таърихи 21.01.1924 аз олам даргузашт…

25.04.1945. Вохӯрии нерӯҳои Артиши Сурх бо нерӯҳои артиши ИМА дар соҳилҳои дарёи Элба. Он замон СССР бо ИМА дар ҷанги зидди Олмон иттифоқчӣ буданд ва ин вохӯрӣ танҳо рамзи дӯстона дошт.

25.04.1966. Заминларзаи шадид дар Тошканд, ки бо қувваи 7,5 балл ба вуқӯъ пайваст ва хисороти зиёди ҷонӣ ва молӣ ба миён овард. Тошканд қариб куллан хароб ва аз нав тавассути нерӯҳои сохтмонии тамоми Иттиҳод бозсозӣ шуд.

26.04.1920. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм таъсис дода шуд, ки чандон умри дароз надид ва баъдан дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ ба Узбакистон шомил шуд.

26.04.1936. Дар милитсияи шӯравӣ рутбаҳо ҷорӣ шуданд. Аслан милитсия дастаҳои ихтиёриёни халқиро мегуфтанд ва кормандони касбии хадамоти ҷустуҷӯии тамоми дунё худро чун политсия муаррифӣ мекунанд.

26.04.1986. Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил яке аз калонтарин ва фоҷеабортарин садамаҳо дар таърихи СССР буд, ки барои СССР ва хоса Украина пасомадҳои басо ногуворе ба бор овард.

27.04.1918. Декрети КИМ (ВЦИК)-и РСФСР дар бораи манъи меросбарӣ қабул шуд. Тибқи декрет касе ҳаққи меросхурӣ аз касе надошт. Ин декрети аблаҳона то 22.05.1922 амал мекард ва баъдан бекор карда шуд.

27.04.1925. Дар СССР бо қарори ШКХ (СНК) тамоми шаҳрвандоне, ки дар шаҳрҳо муқимӣ буданд, бояд ҳатман прописка мешуданд. Ин қонун ҳоло ҳам дар бештари кишварҳои собиқ СССР амалӣ мегардад.

27.04.1959. СССР бо кишвари Миср қарордод дар бораи сохтани сарбанди Асуанро ба имзо расонид. Миср он солҳо шарики боэътимоди СССР буд, ки мутахассисони зиёди шӯравӣ дар ин кишвар кору фаъолият дошта, иншоотҳои муҳимеро бунёд гузоштанд.

27.04.1964. Роҳбари инқилобии Куба-Фидел Кастро аввалин бор аз СССР дидан кард. Ӯ аз Куба бо ҳавопаймо пинҳонӣ парвоз намуд, зеро амрикоиҳо имкон дошт, ки ҳавопаймои ӯро ҳадафи мушак қарор диҳанд.

27.04.1966. Вазири корҳои хориҷии СССР-Андрей Громыко дар Ватикан бо роҳбари католикҳо папа Павели 6 вохӯрд. Ин аввалин вохӯрии папа бо намояндаи олимақоми СССР буд, зеро Ватикан аз ин пеш СССРро кофир эълон карда буд.

28.04.1920. РСС Озарбойҷон таъсис ёфт.

28.04.1953. Дар СССР Василий Сталин писари дуввуми Сталин ба ҳабс гирифта шуд. Баъди марги падар Василий танҳо 1 моҳу чанд рӯз дар озодӣ боқӣ монд.

28.04.1956. Дар СССР бо қарори Раёсати ШО ба халқҳои депортатсияшуда иҷозаи бозгашт ба сарзаминҳои аҷдодиашон дода шуд.

28.04.1990. Дар СССР бори охирин унвони маршали СССР дода шуд. Ин унвонро Дмитрий Тимофеевич Язов, ки баъди 1 сол дар ГКЧП фаъолона ширкат намуд, ноил гардид.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter