8.04.1986. Горбачёв ҳини боздид аз ш.Толяти аввалин бор калимаи «бозсозӣ» (перестройка)-ро дар забон гирифт, он баъдан асоси сиёсати Горбачевиро ташкил намуд ва барои СССР фарҷоми баде гашт...
9.04.1989. Дар Тифлис-пойтахти Гурҷистон митинги мардуми таҳҷоӣ таҳти шиорҳои «Русҳоро бизанед!», «Русҳо аз Гурҷистон дафъ шавед!» баргузор гардиданд. Ин митинг аз тарафи ниҳодҳои қудратии СССР пароканда карда шуд.
10.04.1922. Оғози конфронси Генуэз. Дар конфронс аввалин бор ҳамаи ҷамоҳири шӯравӣ дар симои давлати ягонаи СССР худро ба дунёи Ғарб муаррифӣ карданд.
10.04.1955. СССР ва Хитой бо ҳам қарордод бастанд. СССР ӯҳдадор шуд, ки дар Чин реактори атомӣ бисозад. Умуман, СССР ба сохтани силоҳи атомии Чин нақши ҳалкунанда дошт.
11.04.1945. Дар Маскав байни СССР ва Югославия шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар давраи баъдиҷангӣ ба муддати 20 сол ба имзо расид. Ин шартнома бо сабаби бад шудани муносибати Сталин бо роҳбари онрӯзаи Югославия Броз Тито моҳи сентябри соли 1949 аз тарафи СССР бекор дониста шуд.
11.04.1990. Комитети марказии ҲК мактуби кушодеро нашр кард ва дар он аз коммунистон хоста мешуд, ки тарафдорони сарсахти дигаргуниҳоро аз сафҳои худ берун кунанд. Николай Травкин аз платформаи демократии ҲК ба нишони эътироз иброз намуд, ки аз ҲК бадар меравад ва ҳизби нави худро таъсис медиҳад.
12.04.1919. Дар Маскав аввалин шанбегии коммунистӣ баргузор гардид.
12.04.1918. ШКХ (СНК)-и РСФСР Декрети махсус дар бораи «Аз миён бардоштани ҳайкалҳои подшоҳони рус ва хизматгорони онҳо»-ро ба тасвиб расонд, ки ба ҷойи онҳо ҳайкал ва ёдгориҳои Инқилоби Сотсиалистии Рус бояд ҷойгузин мешуд.
12.04.1961. Дар СССР аввалин парвози инсон ба кайҳон ба вуқӯъ пайваст. Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии «Восток» Заминро чархид ва бо муваффақият дар вил.Саратов ба замин нишаст. Ин парвоз 108 дақиқа идома ёфт ва Гагарин ҳамаи вазифаҳои дар наздаш гузоштаро анҷом дод. Парвоз ӯро ба маҳбубтарин чеҳраи дунё табдил дод ва ӯ тамоми кишварҳои дунёро зиёрат кард. Аввалин парвози инсон ба кайҳон аз бузургтарин дастовардҳои илмии шӯравӣ аст. СССР барои солҳои дароз дар фатҳи кайҳон пешсафтарин кишвари дунё шуд. Ин рӯз дар кишвари собиқи мо чун рӯзи кайҳоннавардон бо тантана ҷашн гирифта мешуд.
12.04.1984.Дар СССР эълон гардид, ки макотиби таҳсилоти умумӣ ба маълумоти миёнаи 11 сола гузаронида мешаванд. То ин вақт дар СССР соли хониш дар макотиби миёна 10 солро ташкил медод.
13.04.1941.СССР бо Япония шартномаи ба якдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид. Он яке аз сабабҳои ҳуҷум накардани тарафи Япония ба СССР дар душвортарин вазъияти кишвар дар соли 1941 шуд. СССР танҳо бо сафарбар кардани қисмҳои низомӣ, ки муқобили Япония меистоданд, тавонист ҳуҷуми немисҳоро дар наздикии Маскав боздорад.
14.04.1918.Бо қарои ВЦИК (КИМ) парчами сурх, парчами давлатии Кишвари шӯравӣ эълон гардид.
14.04.1923.Дар Маскав нашриёти «Наука» ифтитоҳ ёфт. Ин нашриёт маводи илмӣ ва тадқиқотиро дар СССР нашр ва паҳн менамуд.
14.04.1961.Дар СССР унвони «Ҳавонавард-кайҳоннаварди СССР» таъсис дода шуд, ки Юрий Гагарин аввалин дорандаи ин унвон буд.
14.04.1961.Аввалин пахши барномаҳои ТВии Маскав ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ. Пахши барномаҳо тавассути шабакаҳои «Евровидение» ва «Интервидение» роҳандозӣ шуда буданд.
14.04.1978.Дар Тифлис роҳпаймоиҳои оммавии мардумӣ баргузор шуданд. Дар ин роҳпаймоӣ аз ҳукумат талаб мекарданд то забони гурҷиро чун забони расмии кишвар эътироф кунанд.
14.04.1988.СССР дар ба қарордодҳои байналмилалӣ дар бораи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон имзо гузошт ва ӯҳдадор шуд, ки Артишашро аз хоки ин кишвар барорад.
М.Салимшо