ХАБАРИ ДОҒ

Аз бунёди “Москвич-400” то суқути СССР

  • Чоршанбе, Дек 09 2020

3.12.1936. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори КМ ҲКТ 10 ноҳияи нави тобеи марказ: Бартанг, Ванҷ, Ворошиловобод, Роштқалъа, Қалъаи-Лаби-Об, Норак, Пахтаобод, Роҳатӣ, Сангвор, Сари-Хосор ва Шулмак таъсис дода шуданд.   

4.12.1946. Дар заводи мошинҳои сабукрави Маскав, аввалин мошини сабукравӣ “Москвич-400” сохта шуд.

5.12.1924. Аъзоёни Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

5.12.1929. Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ пазируфта шуд. Тоҷикистон ҷумҳурии 7-уми СССР гардид.

5.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Дар натиҷаи ин ҳуҷум артиши олмонӣ, бори аввал дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум шикаст хӯрда, аз дарвозаҳои Маскав ба ақиб ронда шуд.

6.12.1917. Финляндия истиқлолияти худро аз Русия эълон кард. Ҳукумати РСФСР ҳам ин истиқлолиятро ба расмият шинохт. 

6.12.1924. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав қабул карда шуд. Ин Сарқонун бо Сарқонуни сталинӣ маъруф аст ва тибқи он, дар СССР Шӯрои Олӣ (парлумони ду палатаӣ) ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон карда шуд.

6.12.1979. Дар РСС Тоҷикистон, шаҳри Регар ба Турсунзода тағйири ном кард.

7.12.1935. Дар Сталинобод, пойтахти РСС Тоҷикистон, аввалин таксиҳои шаҳрӣ ба фаъолият шурӯ карданд.

7.12.1941. Артиши императории Япония ба базаи ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар Перл-Харбор ҳамла кард. Бо ин ҳамла, ИМА вориди ҷанг гардид ва миқёси даргириҳои ҷанги ҷаҳонӣ афзоиш ёфтанд.

7.12.1988. Заминларзаи шадид дар Арманистон. Нерӯи заминларза 6,9 баллро бо ҷадвали Рихтер ташкил дод ва шаҳри Спитакро пурра ва Ленинаканро 80% хароб намуд.

8.12.1965. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бузургтарин комбинати ширӣ дар ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид. 

8.12.1991. Дар ҷангали Беловеж, президенти РСФСР Борис Елтсин, президенти Украина Леонид Кравчук ва раиси ШО Беларус Станислав Шушкевич созишномаи парокандашавии СССР-ро ба имзо расониданд.

9.12.1918. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин Кодекси меҳнатӣ ба тасвиб расид.

 

10.12.1926. Дар Ленинград, аз ҷониби Трести истеҳсолоти оммавӣ, аввалин мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ шӯравӣ сохта шуданд.

Меҳрубон Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter