28.11.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии Русияи Шӯравӣ бо қабули як Эъломия, фаъолияти суғуртавиро дар РСФСР роҳандозӣ кард.
28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ-СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Сталин, Черчил ва Рузвелт бо ҳам дидор намуданд, то масоили доғро ҳаллу фасл намоянд.
29.11.1917. Дар Петроград яке аз аввалин нашриётҳои шӯравӣ, Нашриёти Петросовет (баъдан ба Лениздат тағйири ном кард) ифтитоҳ ёфт.
29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳо, ки бештар аз 10 коргар доштанд, миллӣ кунонида ва ба моликияти давлат даромаданд.
29.11.1941. Сарбозони немис, партизандухтари шӯравӣ Зоя Космедемянскаяро ба қатл расониданд.
29.11.1945. Таъсиси Ҷумҳурии Халқӣ-Федеративии Югославия бо сарварии Иосиф Броз Тито. Соли 1963 Ҷумҳурии Халқӣ ба Ҷумҳурии Сотсиалистӣ тағйири ном кард ва Югославия Ҷумҳурии Федеративӣ-Сотсиалистӣ гардид.
29.11.1994. Артиши Русия пойтахти Чеченистон, шаҳри Грознийро бомбарон кард. Президенти Русия Борис Елтсин бо имзои як ултиматум, аз ҳамаи тарафҳои даргир талаб кард, силоҳашонро ба замин гузоранд.
30.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ, барои роҳбарӣ бар ҷанги шаҳрвандӣ, Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии ин Шӯроро худи Владимир Ленин ба зима гирифт.
30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ, бо ҷанги зимистона маъруф аст ва ба СССР бо машаққати зиёд муяссар гардид, Финляндияи хурдакакро шикаст диҳад. Лигаи миллатҳо (СММ-и кунунӣ) моҳи декабри соли 1939 СССР-ро барои оғози ин ҷанг истилогар унвон карда, аз ҳайати худ хориҷ намуд.
1.12.1959. Дар Вашингтон 12 кишвари дунё (Аргентина, Австралия, Белгия, Англия, Чили, Фаронса, Япония, Зеландияи Нав, Норвеж, Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ, ИМА ва СССР) Созишномаро бобати истифодаи сулҳомезӣ Антарктида ба имзо расониданд.
2.12.1918. ШКХ-и РСФСР бо қарори худ, фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷиро дар қаламравӣ Русияи Шӯравӣ мамнӯъ эълон кард.
2.12.1956. Роҳбари инқилобчиёни Куба Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар вилояти Орентеи Куба фуруд омада, муборизаи мусаллаҳонаро бо ҳукумати Батисто оғоз кард. Дар гурӯҳи Фидел, табиби ҷавони аргентинӣ Эрнесто Гевара ҳам ҳузур дошт, ки баъдан бо лақаби Че миёни инқилобиён маъруф гардид.
3.12.1917. Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бо муроҷиатномае ба тамоми мусалмонони Русия ва Шарқ муроҷиат намуданд. Дар муроҷиатнома аз мусалмонон даъват мешуд, барои озодӣ аз ҳамаи шаклҳои истисмор ба мубориза бархезанд.
3.12.1945. Дар ИМА лоиҳаи “Троян” ба тасвиб расид. Тибқи ин лоиҳа ИМА мебоист ҷанги атомиро алайҳи СССР 1 январи соли 1950 оғоз менамуд. Аммо СССР тавонист то ин муддат бомби атомии худашро бисозад ва амрикоиҳо аз лоиҳаи “Троян” даст кашиданд.
Меҳрубон Салимшоев