ХАБАРИ ДОҒ

Аз муҳорибаи Кӯлоб то вуруди аршиши шӯравӣ ба Афғонистон

  • Чоршанбе, Дек 23 2020

16.12.1922. Оғози муҳорибаи Кӯлоб миёни Артиши Сурх ва фидоиёни маҳаллӣ. Ин муҳориба, ки бо “мудофиаи Кӯлоб” маъруф буд, то 11 январ идома дошт.

17.12.1916. Дар Петроград, дар соҳили дарёчаи Мойка, назди қасри Юсупов чанд тан аз афсарони рус Григорий Распутинро ба қатл расониданд.

17.12.1920. Оғози экспедитсияи ҳарбӣ-сиёсии Артиши Сурх ба Бухорои Шарқӣ. Ин экспедитсия, ки бо “Экспедитсияи Ҳисор” маъруф аст, то моҳи майи соли 1921 тӯл кашид ва дар натиҷаи он, Артиши Сурх нерӯҳои боқимондаи артиши амириро дар Бухорои Шарқӣ торумор кард.

17.12.1959. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон, шохаи нави Нерӯҳои мусаллаҳ- Нерӯҳои мушакии таъиноти махсус (РВСН) таъсис дода шуданд.

18.12.1920. Шӯриши деҳқонон бо сардории Усмон дар бекигарии Қаротегин. Усмон ва тарафдоронаш дар оғоз тавонистанд қудратро дар маркази бекигарӣ, шаҳраки Ғарм бигиранд, аммо баъди чанде торумор карда шуданд.

18.12.1925. Дар Маскав Анҷумани XIV-и РКП(б) доир гардид. Дар ин Анҷуман Низомномаи нави ҳизб қабул гардида, номи ҳизб низ тағйир ёфта, РКП (б) ба ВКП(б) иваз карда шуд.

18.12.1940. Роҳбари Рейхи саввум, Адолф Гитлер директиваи №21-лоиҳаи “Барбарроса”-ро ба имзо расонид.

18.12.1979. Ассамблеяи Генералии СММ, Конвенсияи барҳам додани ҳамаи намудҳои табъиз нисбати занонро, ки бо ташаббуси СССР коркард гардида буд, тасдиқ кард.

19.12.1924. Дар СССР бо қарори КИМ, Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ табдил дода шуд.

19.12.1979. Дар РСС Тоҷикистон, агрегати 9-уми ГЭС-и Норак ба кор шурӯ кард. Агрегати 9-ум, охирон агрегати Норак ба шумор мерафт ва сохтмончиёни шӯравӣ, ГЭС-и Норакро 1 сол пеш аз мӯҳлат пурра ба истифода доданд.

20.12.1917. Дар РСФСР, Комиссияи фавқулоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) таъсис дода шуд. Ба ВЧК Феликс Дзержинский сарварӣ мекард ва вазифаи асосии ин ниҳод, мубориза бо зиддиинқилобиён ва харобкорӣ ба шумор мерафт.

20.12.1919. Дар РСФСР бо қарори ШКХ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти дар таркибашон спиртдошта манъ карда шуд.

20.12.1920. Бо Фармони сардори ВЧК Ф. Дзержинский дар системаи ин ниҳод, бахши хориҷӣ (ИНО) таъсис дода шуд. Ин бахш ба ҷосусӣ дар беруни СССР машғул буда, баъди чанде, ба яке аз бахшҳои асосии ВЧК табдил ёфт.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, меҳмонхонаи “Москва” дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз кард.

Меҳмонхонаи “Москва” яке аз меҳмонхонаҳои марказии СССР ба шумор рафта, дар он бештар хориҷиён зиндагӣ мекарданд.

20.12.1938. Дар СССР бо қарори ШКХ, барои шаҳрвандон дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ гардиданд.

20.12.1965. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО, ноҳияи Зафаробод таъсис дода шуд. 

21.12.1940. Нерӯҳои вежа ва пиёданизоми  Артиши Сурх, бо пистолет-пулемёти системи Шпагин (ППШ-19Д1) муҷаҳҳаз гардиданд. Ин аввалин силоҳи автоматӣ дар Артиши Сурх буд ва ППШ дар рафти ҶБВ, коромадии худро бу хубӣ собит кард.

22.12.1943. ШКХ-и СССР, матни нави гимни давлатии Иттиҳоди Шӯравиро тасдиқ кард. 

23.12.1989. Дар Руминия режими коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд. Чаушескоро бисёриҳо охирин диктатори Аврупо меномиданд ва ӯ дар ин моҷарои инқилоб, бо ҳамроҳи ҳамсараш, ҳамагӣ чанд соат баъд аз дастгир гаштан, ба қатл расонида шуд. 

23.12.1970. Дар РСС Тоҷикистон, бо қарори Раёсати ШО, вилояти нави Ленинобод таъсис дода шуд.

23.12.1959. Дар фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Душанбе, аввалин тайёраи мусофирбари ИЛ-18 фуруд омад. 

24.12.1979. Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон шуда, ба ҷанги Афғонистон оғоз бахшид. 

Меҳрубон 

Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter