ХАБАРИ ДОҒ

Аз Соли нав то барҳамхӯрии СССР

  • Чоршанбе, Дек 30 2020

23.12.1947. Дар СССР ба қарори Раёсати ШО, 1 январ Рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд. 

24.12.1935. Дар РСС Тоҷикистон Анҷумани I-уми табибони ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид.

24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони халқии СССР, вуруди Артиши Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард.

25.12.1917. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Украина.

25.12.1939. Дар рӯзномаҳои СССР телеграммаҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва Рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграмма аз ҷумла омада буд, ки “Дӯстии халқҳои Олмон ва СССР, ки бо хун баста шудааст, барои пойдору устувор буданаш ҳама асосҳоро дорад”.

25.12.1991. Соати 19:30 дар телевизиони марказии СССР, Михаил Горбачев бори охир расман баромад карда, гуфт: “Ба хотири ҳолати пешомада ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ман фаъолияти худро дар маснади Президенти СССР қатъ мекунам”.

26.12.1919. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрети маҳви бесаводиро дар кишвар қабул кард.  

26.12.1946. Дар СССР аввалин реактори атомӣ “Ф-1” (Физикии аввалин) ба кор андохта шуд. Реактори мазкур аз ҷониби Николай Анатолиевич Доллежал ихтироъ гардида буд. 

26.12.1974. Дар СССР додани шиносномаҳо ба аҳолии деҳотӣ оғоз гардид. 

27.12.1929. Сталин эълон кард, ки дар СССР коллективикунонии оммавӣ оғоз гардида, давлат сиёсати “маҳви кулакҳо чун синф”-ро амалӣ мегардонад.

27.12.1938. Дар СССР унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҷорӣ карда шуд. 

28.12.1965. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Хонаи меъморони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

29.12.1927. Дар СССР бо ташаббуси Феликс Дзержинский аввалин коммунаи кӯдакон таъсис дода шуд. Ба коммунаи мазкур, Антон Макаренко сарварӣ мекард.

29.12.1939. Дар РСС Тоҷикистон аввалин интихобот ба Шӯроҳои маҳаллии меҳнаткашон доир гардид.

29.12.1972. Бо қарори Раёсати ШО СССР, РСС Тоҷикистон ва ВМБК бо ордени Дӯстии халқҳо мукофотонида шуданд. 

29.12.1974. Бо қарори Раёсати ШО СССР, РСС Тоҷикистон бо ордени Инқилоби октябрӣ мукофотонида шуд.

30.12.1922. Дар Анҷумани I-уми Умумиттиҳодии Шӯроҳо, Эъломияи таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қабул карда шуд.

31.12.1917. Ҳукумати РСФСР бо қабули як Декрет, истиқлолияти давлатии Финляндияро расман эътироф кард. 

 

31.12.1939. Дар СССР канали калони Фарғона ба истифода дода шуд. Ин канал заминҳои РСС Ӯзбекистон, РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистонро обёрӣ мекард.

31.12.1971. Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон феҳристи ёдгориҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштарро, ки бояд аз ҷониби давлат муҳофизат мегардиданд, тасдиқ кард. Ба ин феҳрист 130 ёдгории меъморӣ, 873 ёдгории археологӣ ва 1134 ёдгории таърихӣ-инқилобӣ шомил гардиданд.

 

Меҳрубон Салимшоев

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter