ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Киров то яхдонҳои “Помир”

  • Чоршанбе, Янв 06 2021

1.01.1919. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Беларус. 

1.01.1932. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав заводи мошинсозии ба номи Горкий ба истифода дода шуд.  

1.01.1933. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон, шаҳри Сталинобод китобхонаи давлатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ ифтитоҳ гардид.

1.01.1934. Дар Ленинград Сергей Киров ба қатл расид. Киров яке аз чеҳраҳои саршиноси ҳизби болшевикӣ ба шумор рафта, тибқи баъзе сарчашмаҳо, куштори ӯ аз ҷониби Сталин роҳандозӣ шуда буд, то рақиби сарсахташро аз сари роҳ бардорад. 

1.01.1961. Ислоҳоти пулӣ дар СССР. Пулҳои кӯҳнаро бо таносуби 1:10 бо пулҳои нав иваз карданд. 

1.01.1967. Дар телевизиони марказии СССР барномаи иттилоотии “Время” роҳандозӣ шуд. Аз ин ба баъд “Время” асоситарин барномаи хабарии СССР гардид. 

 2.01.1922. Дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ Комиссияи Фавқулоддаи Диктаторӣ созмон дода шуд.

2.01.1925. Бо қарори Раёсати КИМ СССР дар ҳайати РАС Тоҷикистон Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ таъсис дода шуд. 

2.01.1963. Дар РСС Тоҷикистон қарори КМ ҲКТ ва Шӯрои Вазирон “Бобати таъсиси Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ” ба тасвиб расид.

2.01.1969. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин телефон-автомати байнишаҳрӣ насб карда шуд, ки Душанберо бо Тошканд пайваст мекард.

3.01.1963. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари ИЛ-62. ИЛ-62 аввалин тайёраи турбореактивии дурпарвози шӯравӣ ба шумор мерафт ва созандагони он бо мукофоти Ленинӣ қадрдонӣ гардиданд. 

4.01.1940. Дар ҳудуди ба СССР ҳамроҳ гардидаи Беларусияи Ғарбӣ мамнӯъгоҳи Бешаи Беловежск таъсис дода шуд. Маҳз дар ин Беша соли 1991 сарони се кишвари славянӣ созишномаи парокандашавии СССР-ро ба имзо расониданд.  

4.01.1943. Маҷаллаи амрикоии “Таймс” ҷамъбандии соли 1942-ро анҷом дод ва тибқи ин ҷамъбандӣ роҳбари СССР Иосиф Сталин Одами сол муаррифӣ гардид. 

4.01.1964. Дар корхонаи яхдонбарории шаҳри Душанбе аввалин намунаи яхдони “Помир” сохта шуд. Яхдонҳои “Помир” бисёр бо сифат буда, дар тамоми СССР маъруфияти хос доштанд.  

5.01.1919. Дар шаҳри Мюнхени Олмон Ҳизби коргарии немис таъсис дода шуд. Ин ҳизб баъди як сол ба Ҳизби миллӣ-сотсиалистии немис тағйири ном кард ва соли 1933 дар интихобот пирӯз гардида, сари қудрат омад. Адолф Гитлер рейхсканслери Олмон гардид.

5.01.1968. Дар Чехословакия Александр Дубчек сари қудрат омад. Омадани Дубчек “Баҳори Прага”-ро заминасозӣ карда, баъди чанде Артиши кишварҳои Ташкилоти созишномаи Варшава ба Прага ворид гардида, ин баҳорро ба хоку хун кашиданд. 

 

6.01.1937. Дар СССР Байқайдгирии умумииттиҳодии аҳолӣ гузаронида шуд. Тибқи ин бақайдгирӣ аҳолии СССР 170 млн. нафарро ташкил дод. 

Меҳрубон 

Салимшоев

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter