28.01.1918. Раиси ШКХ РСФСР Владимир Ленин декрети таъсиси Артиши Сурхи Коргарӣ-Деҳқониро (РККА) ба имзо расонид.
28.01.1959. Дастаи мунтахаби баскетболи СССР барои аввалин бор дастаи мунтахаби баскетболи ИМА-ро мағлуб кард.
28.01.1939. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Сталинобод ноҳияҳои Марказӣ, Роҳи оҳан ва Душанбе таъсис дода шуданд.
29.01.1956. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин кинотеатри намоиши филмҳои мустанад “Хроника” ифтитоҳ ёфт.
29.01.1932. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ, ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.
30.01.1933. Дар Олмон Адолф Гитлер рейхсканслери кишвар таъин карда шуд.
30.01.1938. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод машварати илмӣ бобати истилоҳот ва имлои забони тоҷикӣ баргузор гардид, ки дар он олимони варзидаи Маскав, Ленинград, Тошканд ва Самарқанд ширкат варзиданд.
31.01.1924. Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои СССР Сарқонуни аввали СССР ба тасвиб расид.
31.01.1927. Дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон бо қарори Раёсати КМИ ноҳияи Исфара таъсис дода шуд.
31.01.1957. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори раёсати Шӯрои Олӣ ноҳия Хуҷанд таъсис дода шуд.
1.02.1923. Дар шаҳри Ленинград аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ба фаъолият шурӯ намуд.
1.02.1992. Президенти Россия Борис Елтсин ва президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ, дар шари Кэмп-Дэвиди ИМА эъломияи якҷояро бобати анҷоми Ҷанги сард ба имзо расониданд.
2.02.1918. Дар Россияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ калисо аз давлат ва макотиб аз калисо ҷудо карда шуданд.
2.02.1936. Шӯрои Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон Қарори таъсиси театри давлатии сайёри колхозиро ба тасвиб расонид.
2.02.1943. Торумори артиши олмонӣ дар муҳориба Сталинград. Ин рӯз дар Россия чун Рӯзи шӯҳрати ҳарбӣ ҳамасола васеъ ҷашн гирифта мешавад.
2.02.1969. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин телефон-автомати байнишаҳрӣ насб карда шуд. Ин телефон Душанберо бо Тошканд пайваст мекард.
3.02.1918. КМИ-и РСФСР бо декрети худ тамоми қарзҳои берунӣ ва дохилии ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукумати муввақатро бекор намуд. Ҳаҷми умумии ин қарзҳо 60 миллиард рублро ташкил менамуд.
3.02.1987. Дар СССР бо иттиҳоми гирифтани ришва домоди Л. Брежнев, ҷонишини аввали Вазири корҳои дохилии СССР Юрий Чурбанов ба ҳабс гирифта шуд.
4.02.1960. Дар пойтахти Куба-шаҳри Гавана аввалин дидори тарафи СССР ва Куба иттифоқ уфтод. Тарафи СССР-ро дар ин дидор А.Микоян намояндагӣ мекард. Микоян бо Фидел Кастро дидор намуда, қарордоди харидории қанди Кубаро ба имзо расонид.
Меҳрубон Салимшоев