5.02.1925. Дар Бухорои шарқӣ Кумитаи Марказии Иҷроя (КМИ) барҳам дода мешавад.
5.02.1947. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО-и кишвар унвони “Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон” таъсис дода шуд.
6.02.1925. Аввалин дастаи милиса бо сардории Абдулло Ёрмуҳаммадов, аз Бухоро вориди Душанбе гардид.
6.02.1930. Дар РСС Тоҷикистон рӯзномаи “Деҳқони камбағал” таъсис дода шуд.
7.02.1936. Дар шаҳри Хуҷанд аввалин Анҷумани ҷумҳуриявии ордендорон ва пешқадамони соҳаи пахтакорӣ доир гардид. Дар ин Анҷуман пахтакорони беҳтарин аз сар то сари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
7.02.1952. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав мурофиаи пӯшида нисбати аъзоёни маҳфили адабӣ-сиёсии зиддишӯравии мактаббачагони Маскав баргузор гардид. Аъзоёни ин маҳфил дар гектограф варақаҳоеро чоп карда буданд, ки дар онҳо системи интихоботии шӯравӣ ғайридемократӣ унвон гардида буд. Дар рафти мурофиа, аъзоёни ин гурӯҳ 3 нафарашон ба қатл, 10 нафарашон ба 25 сол зиндон ва 3 нафари дигар ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд.
7.02.1964. Дар рӯзномаи “Правда” мақолае рӯи чоп омад, ки бори аввал дар СССР расман даст доштани Сталинро дар қатли Киров ҳадс мезад.
8.02.1919. Дар Русияи Шӯравӣ декрети “Ҷорӣ кардани системаи байналмилалии ҳисобкунии вақт” ба нашр расид.
8.02.1955. Тағйироти ҷиддии кадрӣ дар СССР. Раиси Шӯрои Вазирон Георгий Маленков аз мансаб сабукдӯш ва вазири нерӯгоҳҳои барқӣ таъин карда шуд. Раиси Шӯрои Вазирон бошад, маршалл Николай Булганин таъин гардид. Маршал Георгий Жуков бошад, ба ҷои Булганин, вазири мудофиаи СССР таъин гашт. Ҳамин тариқ, Хрушев бо кумаки ҳарбиён қудратро аз дасти ҳаммаслакони Сталин берун кашид, аммо баъди чанде ҳамин ҳарбиёнро ҳам пушти киштӣ гузошт.
8.02.1987. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-ш.Душанбе даҳаи Рӯзҳои Тошканд баргузор гардида, фарҳангиёни зиёд ба Душанбе ташриф оварданд.
9.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ КМИ “Қонуни асосии иҷтимоисозии замин”-ро ба тасвиб расонид.
9.02.1918. Имзои сулҳи 1-уми Брест. Ин сулҳ миёни Украина ва Олмон баста шуд ва тибқи ин сулҳ, нерӯҳои олмонӣ чун кафили амният мебоист Украинаро ишғол мекарданд.
9.02.1934. Имзои Антантаи Балканӣ. Ба Антантаи Балканӣ ё Антантаи хурд, Юнон, Руминия, Туркия ва Югославия шомил гардиданд. Ин 4 кишварро Фаронса пуштибонӣ мекард ва фаъолияти ташкилот зидди СССР равона гардида буд.
9.02.1937. Ҳафт телефон-автомати нахустин дар кӯчаҳои Сталинобод насб карда шуданд. Акнун сокинони пойтахти РСС Тоҷикистон метавонистанд аз кӯча ҳам ба хонаашон занг бизананд.
9.02.1945. Дар Прусияи Шарқӣ фармондеҳи батареяи тӯпӣ, капитан Александр Солженитсин ба ҳабс гирифта шуда, 8 сол зиндон ҳукм гирифт. Сабаби ин кор, мактуби Солженитсин ба дӯсти айёми кӯдакиаш Н.Виткевич гардид. Солженитсин дар ин мактубаш аз Сталин танқид карда буд.
9.02.1953. Афроди номаълум, ба ҳудуди сафорати СССР дар Тел-Авив бомб партоб карданд, ки дар натиҷаи он 3 нафар аз кормандони сафорат ҷароҳат бардоштанд. Ин амали террористӣ боис гардид, ки СССР муносибати дипломотиашро ба Исроил қатъ кунад.
9.02.1984. Котиби генералии КМ ҲКИШ Юрий Андропов вафот кард. Андроповро бисёриҳо охирин эҳёкунандаи СССР медонанд, аммо умраш вафо накарду натавонист зиёд сари қудрат бимонад.
10.02.1918. ШКХ-и РСФСР декрет “Бобати мубориза бо инқилоб тавассути матбуот”-ро нашр кард. Тибқи ин декрет дар Русияи шӯравӣ, Додгоҳи инқилобии матбуот таъсис дода шуд, ки мақолаҳои рӯзномаҳоро аз сензураи болшевикӣ мегузаронд.
10.02.1919. Таъсиси аввалин ташкилотҳои комсомолӣ дар Хуҷанд, Уротеппа ва Конибодом.
Меҳрубон Салимшоев