ХАБАРИ ДОҒ

Аз фуруди аввалин чархбол то ифтитоҳи Театри опера ва балет

  • Панҷшанбе, Фев 18 2021

 

12.02.1921. Вуруди Артиши Сурх ба хоки Гурҷистон.

12.02.1921. Дар назди фармондеҳии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина комиссияи мубориза бо авбошӣ таъсис дода шуд. 

12.02.1958. Фуруди аввалин чархбол (МИ-1) дар фурудгоҳи Сталинобод

12.02.1990. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба хотири  

тазоҳуроти мардумӣ вазъияти фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Ин воқеа “Баҳманмоҳ” ном гирифта, дар ВАО-и Тоҷикистон васеъ инъикос карда шудааст. 

13.02.1918. ШКХ РСФСР декрети таъсиси “биржаҳои меҳнатӣ”-ро қабул кард. Ин “биржаҳо” муассисаҳои давлатӣ буда, дар бозори меҳнат фаъолияти миёнаравиро анҷом медоданд. “Биржаҳои меҳнатӣ” дар СССР то авохири соли 1930 фаъолият карданд ва бо барҳам додани бекорӣ дар ин кишвар, аз миён бардошта шуданд.   

13.02.1921. Дар Маскав княз Куропаткин-роҳбари анархистони рус фавтид. Барои ширкат дар маросими ҷанозаи ӯ анархистонро аз тамоми зиндонҳои Маскав, танҳо бо ваъдаи баргаштан озод карданд. Маросими дафни роҳбари анархистон дар қабристони Новодевичии Маскав баргузор шуд. Баъди маросими дафн тамоми анархистони зиндонӣ бо шиори “Анархия модари тартиб” ба зиндонҳояшон баргаштанд. 

13.02.1923. Дар Петроград кормандони ГПУ яке аз авбошони маъруфи рус Леонид Пантелкинро, ки бештар бо номи Лёнка Пантелеев маъруф аст, ба қатл расониданд.

14.02.1918. Болшевикон бо қабули як декрет тамоми заминҳои Россияро моликияти давлатӣ карданд. 

14.02.1922. Артиши муттаҳидаи Иброҳимбек ва Анварпошшо Душанберо ишғол намуданд. 

15.02.1918. Таъини Вячеслав Менжинский ба вазифаи Комиссари халқии молияи РСФСР.  

15.02.1989. Артиши СССР ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи ёдбуди ҷанговарони интернатсионалист ҷашн мегиранд. Баъди пошхурии Иттиҳод ҳам Рӯзи ёдбуд аз байн нарафта, онро дар бештари ҷумҳуриҳои собиқи то ба ҳол СССР ҷашн мегиранд.

16.02.1932. Ирсоли аввалин кӯмаки башардӯстона аз Тоҷикистон ба Арманистон. Ин кӯмак ба бошандагони шаҳри Зангезури РСС Арманистон, ки аз заминларза осеб дида буданд, расонида шуд.

 

16.02.1978. Ирсоли аввалин газета аз Маскав ба Душанбе тавассути фототелеграф.

17.02.1931. Анҷумани I-уми Шӯроҳои Тоҷикистон дар Сталинобод ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман Сарқонуни аввали РСС Тоҷикистон қабул карда шуд.

18.02.1926. Таъсиси Бюрои иқтисодии Осиёи Миёнагӣ доир ба корҳои Тоҷикистон.

18.02.1929. Дар Тоҷикистони шӯравӣ аввалин рӯзнома ба забони ӯзбекӣ-“Қизил Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Ин рӯзнома аз соли 1954 “Совет Тожикистонӣ” ном гирифта, то соли 1991 бо ин ном нашр мегардид.

17.02.1942. Дар Сталинобод бинои Театри Опера ва балет бо тантана ифтитоҳ дода шуд. Имрӯз ҳам дар ин бино Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад.  

18.02.1939. Аввалин парвози ҳавоӣ бо хатсайри Маскав - Сталинград - Боку - Ашхобод - Сталинобод. Ин парвоз бо тайёраи ПС-84 анҷом гирифта, 14 соату 10 дақиқа идома ёфт.

Меҳрубон  Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter