24.02.1919. Ҳизби Коммунисти Венгрия аз мардуми венгр даъват кард, то ҳукумати буржуазии ин кишварро сарнагун кунанд.
24.02.1931. Қабули аввалин Сарқонуни РСС Тоҷикистон.
25.02.1921. Дар Гурҷистон ҳокимияти советӣ барқарор гардида, РСС Гурҷистон таъсис дода шуд.
25.02.1932. Дар Сталинобод аввалин Анҷумани Иттифоқҳои касабаи РСС Тоҷикистон доир гардид.
25.02.1935. Дар Сталинобод Анҷумани I-уми колхозчиёни Тоҷикистон ба кори худ шурӯ кард.
25.02.1946. Дар СССР Артиши Сурх ба Артиши Советӣ тағйири ном намуд.
26.02.1917. Подшоҳи рус Николайи 2-юм фармони пароканда кардани Думаи давлатӣ ва қатъи бесарусомониҳо дар пойтахтро содир кард. Соати 12-и рӯз гирдиҳамоиҳои нав оғоз гардида, бо истифодаи Артиш пароканда карда шуданд. Баъди ин, корпартоии умумӣ дар Петроград шурӯ шуда, нерӯҳои низомӣ ба тарафи шӯришгарон гузаштанд. Оғози инқилоби февралӣ дар Россия.
27.02.1917. Дар Петроград шӯришгарон Арсенал ва Қасри Зимистониро тассаруф намуданд. Ҳукумати подшоҳӣ сарнагун карда шуда, Кумитаи муваққатии Думаи давлатӣ ба фаъолият шурӯ кард. Дар баробари ин, нерӯҳои инқилобӣ Кумитаи Иҷроияи вакилони коргарон ва аскарони Петроградро таъсис доданд.
27.02.1936. Дар Донишкадаи театрии Маскав аввалин студияи тоҷикӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин студия 32 донишҷӯи тоҷик таҳсил карда, касби актёрӣ меомӯхтанд.
27.02.1972. Дар пойтахи РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе аввалин конкурси эстрадии “Торҳои офтобӣ-72” баргузор гардид.
28.02.1917. Оғози инқилоби февралӣ дар Маскав.
1.03.1937. Дар Сталинобод Анҷумани IV-и Шӯроҳои РСС Тоҷикистон, Сарқонуни 2-юми Тоҷикистонро қабул кард.
1.03.1953. Роҳбари СССР Иосиф Сталин дучори сактаи мағзӣ (инсулт) гардид, аммо Берия ва Маленков даъвати табибонро ба назди ӯ манъ карданд.
1.03.1981. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бори аввал Рӯзҳои ҷавонони мактабхони Тоҷикистон баргузор гардиданд.
2.03.1960. Аввалин парвози мустақими тайёраи ИЛ-18 бо хатсайри Сталинобод-Маскав.
2.03.1992. Дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи Генералии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин созмони байналмиллалӣ пазируфта шуд.
3.03.1936. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Бюрои КМ ҲКТ ноҳияи Калининобод таъсис дода шуд. Ин ноҳия ба Навоҳии тобеъи марказ таалуқ гашт.
3.03.1938. Ҳукумати РСС Тоҷикистон аввалин нақшаи генералии сохтмони шаҳри Сталинободро ба тасвиб расонд.
Меҳрубон Салимшоев