4.03.1918. Дар РСФСР бо қарори ШКХ Шӯрои олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ба ин Шӯро Лев Тротский сарварӣ мекард ва вазифаи асосии он идораи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷанги гражданӣ буд.
4.03.1921. РСФСР ва Ҷумҳурии Халқии Бухоро созишномаи иттиҳодӣ ва қарордоди ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд.
5.03.1921. Амири Бухоро Сайид Олимхон дар мавзеи Чубак, дарёи Панҷро убур карда, ба Афғонистон гурехт.
5.03.1946. Сарвазири Британия Уинстон Черчил хатти тақсими Аврупоро “пардаи оҳанин” унвон кард. Ин суханронии Черчилро оғози ҷанги сард медонанд.
5.03.195. Иосиф Сталин, ходими давлатӣ, сиёсӣ ва ҳарбии шӯравӣ аз олам чашм пӯшид. Сталин зиёда аз 30 сол ба СССР роҳбарӣ кард ва маҳз кӯшишҳои ӯ, давлати СССР-ро ба 1 абарқудрат табдил доданд.
5.03.1956. Раёсати КМ КПСС қарор дод тамоми коммунистон ва комсомолонро бо маърӯзаи Н.Хрушев, ки шахспарастии Сталинро ифшо мекард, ошно кунанд.
6.03.1918. Дар Маскав Анҷумани VIII-уми РСДРП (б) доир гардид, ки ҳизби болшевикиро ба РКП (б) тағйири ном дод.
6.03.1959. Дар Сталинобод, Анҷумани I-уми Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон доир гардид.
7.03.1935. Дар СССР бо фармони махсуси ҳукуматӣ тамоми асарҳои Тротский, Зиновев ва Каменев аз китобхонаҳо гирифта шуданд.
7.03.1935. Дар ноҳияҳои гуногуни РСС Тоҷикистон аввалин мактабҳои 6 моҳаи тракторчиён созмон дода шуданд. Дар ин мактабҳо 1000 нафар ҷавон аз аҳолии маҳаллӣ таҳсил мекарданд, ки 75% онро тоҷикон ва 25% онро ӯзбекҳо ташкил медоданд.
8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар пойтахти Дания-шаҳри Копенгаген доир гардид, 8 март Рӯзи Байналмиллалии занон эълон карда шуд.
8.03.1963. Мао Дзедун созишномаи Айгунро, ки соли 1858 миёни Чин ва Россия баста шуда буд, бекор намуда, аз СССР талаб кард заминҳои Чинро пас бидиҳад.
9.03.193. Бо қарори КМ ҲК Тоҷикистон дар Сталинобод осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Ин осорхона баъдан ба Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод тағйири ном кард.
9.03.1953. Дар Маскав маросими дафни Иосиф Сталин баргузор гардид. Дар маросим мардуми зиёде ҷамъ омада, дар натиҷаи анбӯҳи зиёди одамон, садҳо нафар ҳалок шуданд.
10.03.1930. Оғози коллективикунонии оммавӣ дар РСС Тоҷикистон.
10.03.193. Бо қарори Раёсати КМИ-и РСС Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои Ғарм ва Ҷиргатол таъсис дода шуданд.
10.03.1932. Дар РСС Тоҷикистон Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР таъсис дода шуд.
11.03.1935. Дар РСС Тоҷикистон нашри оммавии маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Октябр” оғоз гардид. Ин маҷалла бо теъдоди 5000 нусха нашр шуда, барои маҳви бесаводӣ равона гардида буд.
11.03.1992. Аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин парвози байналмиллалӣ бо хатсайри Душанбе -Теҳрон анҷом дода шуд.
Меҳрубон Салимшоев