ХАБАРИ ДОҒ

Аз Ламерики шӯравӣ то Намоишгоҳи Париж

  • Чоршанбе, Апр 21 2021

 

15.04.1919. Туфони инқилоби болшевикӣ дар Россия ба соҳили Ирландия ҳам расид ва графигарии Ламерики ин ҷазира Ҷумҳурии шӯравии Ламерик эълон карда шуд.

15.04.1952. Бо қарори Раёсати ШО РСС Тоҷикистон деҳаи Ҷиҷикруди ноҳияи Айнӣ ба поселкаи типи шаҳрии Зарафшон тағйири ном кард. Бештари аҳолии ин деҳаро коргарони кони Сарвода ташкил медоданд. 

16.04.1917. Сарвари ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин аз муҳоҷират бозгашт ва дар вокзали Финии Петроград аз тарафи мардум васеъ истиқбол гардид.  

16.04.1922. СССР ва Олмон дар рафти Конфронси Генуэз дар шаҳри Рапаллои Италия созишномаи дӯстӣ ва ҳамкориро ба имзо расонида, муносибати дипломатиро байни ҳамдигар барқарор карданд. 

16.04.1926. Дар Душанбе, Анҷумани I-уми Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон доир гардид.

16.04.1938. КИМ ва ШКХ-и РСС Тоҷикистон Қарор “Бобати ҷорӣ кардани таълими ҳатмии забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ”-ро ба тасвиб расонд.

17.04.1937. Дар Намоишгоҳи умумуҷаҳонии Париж, ки дар пойтахти Фаронса баргузор мешуд, консерваҳои зардолуи истеҳсоли Хуҷанд соҳиби мукофоти аввал гардиданд. Маҳсулоти абрешимии Комбинати абрешимии шаҳр ва маҳсулоти кандакорӣ дар чӯб бошанд, соҳиби Дипломи дараҷаи аввал ва Медали калони тиллоӣ шуданд.    

17.04.1941. Артиши Югославия санади таслими комили худро дар рафти Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба имзо расонид. Амалиёти Югославия барои 6 моҳ “Барбаросса”-ро ба таъхир андохт ва “блитскриги” немисҳо дар СССР ба ҳадаф нарасид. 

17.04.1967. Дар Душанбе-пойтахти РСС Тоҷикистон аввалин пойгаи  дучархасавории (велосипед) бисёррӯза доир гардид. Масофаи ин пойга 780 км-ро ташкил медод ва иштирокчиёни ин пойга ин масофаро дар чанд рӯз тай мекарданд.

18.04.1922. Дар Маскав дастаи футболи МКС таъсис дода шуд. Ин даста баъдан чандин бор тағйири ном кард ва имрӯз бо номи “Спартак” (дастаи футбол, Маскав) дар чемпионатҳои футболи Россия баромад мекунад..

 18.04.1939. Дар Сталинобод корҳои сохтмонии хатти фозилоб (канализатсия) оғоз гардиданд.

19.04.1948. Дар Маскав Анҷумани I-уми оҳангсозони СССР доир гардид. 

19.04.1970. Дар СССР аввалин автомобили “ВАЗ-2102» сохта ва пешкашӣ рӯзноманигорон гардид. Аз ин рӯз “ҳаммосаи Жигулӣ” дар СССР оғоз ёфт.

 

20.04.1918. Дар Тошканд Анҷумани V-и вакилони коргарон ва аскарони диёри Туркистон ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман то 1 май идома дошта, вакилони он генерал-губернатории Туркистонро Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ дар ҳайати РСФСР эълон карданд. 

20.04.1972. Дар Душанбе Конфронси I-уми илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон баргузор гардид. Ин Конфронс баъдан дар рушди олимони ҷавони ҷумҳурӣ нақши зиёд бозид.  

21.04.1918. Ҳукумати РСФСР Парлумони миллии мусалмонони Дохили Россияро (Милли меджлис) пароканда кард.  

21.04.1947. Шӯрои Вазирони СССР қарори оғози сохтмони полигон барои озмоиши бомбаи атомии шӯравиро қабул кард. Ҷои сохтмони полигон Семипалатински Қазоқистон интихоб карда шуд. 

22.04.1957. Дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Сталинобод аввалин Нерӯгоҳи Барқии Гармидиҳанда (ТЭТС) ба истифода дода шуд. 

 

Меҳрубон  Салимшоев

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter