22.08.1943. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуданд. Ин омӯзишгоҳҳо афсарони ояндаи Артиши Шӯравиро омода мекарданд.
22.08.1944. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Япония бо сабаби вазъи шадиди ҷангӣ, таълиму тадрис қатъ ва хонандагон барои кор ба заводу фабрикаҳо сафарбар карда шуданд.
22.08.1990. Дар РСС Қазоқистон қазоқӣ забони давлатии кишвар эълон гардид.
22.08.1991. Дар Русия парчами сафеду кабуду сурх ба ҷои парчами сурх, парчами давлатӣ эълон карда шуд.
23.08.1942. Оғози мудофиаи Сталинград. Дар ин рӯз артиши олмонӣ дар рафти амалиёти Қафқоз ба остонаҳои Сталинград расида, муҳориба барои шаҳр шурӯъ шуд.
23.08.1943. Ғалабаи Артиши Сурх дар муҳорибаи Курск. Баъди шикаст дар муҳорибаи Курск артиши олмонӣ дигар натавонист ҳеҷ амалиёти густардаи таҳоҷумӣ анҷом диҳад ва фақат дар мудофиа қарор дошт.
23.08.1959. Ҳукумати ИМА дар 400 мактаби кишвараш таълими забони русиро ҷорӣ намуд.
23.08.1989. Дар арафаи 50-солагии имзои созишномаи шӯравию олмонӣ мардуми Литва, Латвия ва Эстония ба нишони эътироз занҷираи зиндае барпо карданд. Ин намоиши эътирозӣ “Роҳи Балтика” ном гирифт ва дар он наздики 2 миллион одам ширкат варзид. Занҷираи зинда ба масофаи 600 км тӯл кашида, дарозтарин занҷираи зинда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
23.08.1991. Президенти Русия Борис Елтсин баъди шикасти ГКЧП фаъолияти Ҳизби коммунист ва нашри рӯзномаи «Правда»-ро дар қаламрави Русия манъ кард.
24.08.1991. Украина соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва аз ҳайъати СССР берун рафт.
24.08.1991. Дар Маскав охирин узви ГКЧП ба ҳабс гирифта шуданд. Михаил Горбачев ба сессияи фавқулоддаи Шӯрои Олии Русия даъват шуд. Дар сессия президенти СССР кӯшид, вакилонро дар ҳаққонияти роҳи сотсиалистӣ ва пирӯзии коммунизм бовар кунонад, аммо вакилон ба ҳарфи ӯ дигар гӯш надоданд. Ахир, президенти СССР ваколатҳои котиби генералии ҲКро аз сараш соқит ва КМро даъват намуд, худ пароканда шавад.
25.08.1941. Артиши шӯравӣ-англисӣ Эронро аз шимолу ҷануб ишғол ва Ризохони Паҳлавиро аз тахт сарнагун карданд.
25.08.1987. Дар СССР Қарори Раёсати ШО бобати СПИД ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор тамоми хориҷиён аз озмоиши СПИД мегузаштанд ва дар сурати мубтало кардани шаҳрвандони шӯравӣ ба ин беморӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуданд.
26.08.1972. Дар шаҳри Мюнхени Олмон бозиҳои Олимпии ХХ ифтитоҳ ёфтанд. Аммо ин бозиҳои Олимпиро амалиёти террористии фаластиниҳо нисбати дастаи олимпии Исроил тира намуд.
26.08.1991. Дар Маскав сессияи ғайринавбатии Парлумони СССР доир шуд. Дар рафти сессия вакилони мардумӣ фаъолияти ҲК ро дар тамоми қаламрави СССР мамнӯъ карданд.
27.08.1919. Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ тамоми истеҳсолоти синамоӣ ва аккосӣ миллӣ кунонида шуд. Аз с.1979 ин рӯз дар СССР чун Рӯзи кинои шӯравӣ васеъ ҷашн гирифта мешуд.
СССР