6.09.1928. Иттиҳоди Шӯравӣ ба созишномаи Бриан-Келлога ҳамроҳ гардид. Тибқи ин созишнома тамоми кишварҳо мебоист зиддиятҳо ва мушкилоту нофаҳмиҳои худро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл мекарданд.
6.09.1936. Дар СССР унвони фахрии «Артисти халқии СССР» таъсис дода шуд. Соҳибони аввалини ин унвон К.С.Станиславский, В.И.Немирович-Данченко, В.Качалова ва И.Москвин гардиданд. Бори охир бошад ин унвонро с.1991 Алла Пугачёва ва Олег Янковский соҳид гардиданд.
6.09.1940. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Раёсати ШО «Кумитаи халқии назорати давлатӣ» таъсис дода шуд.
6.09.1991. Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти давлатии ҷумҳуриҳои назди Балтик - Эстония, Латвия ва Литваро расман эътироф кард.
8.09.1934. Кӯҳнавардони шӯравӣ Виталий Аблаков, Чернуха ва Лукин ба яке аз қуллаҳои қаторкӯҳи Олой нимпайкараи Ленинро насб карданд. Ин қуллаи то ин вақт бе ном ба таври табиӣ номи доҳии пролетарҳои ҷаҳонро соҳиб ва қуллаи Ленин номида шуд.
8.09.1941.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ ба наздикии Ленинград расид ва шаҳрро ба муҳосира гирифт. Муҳосираи Ленинград 3 сол тӯл кашида, дар натиҷаи он қариб 1 миллион сокинони шаҳр ба ҳалокат расиданд.
8.09.1970.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низомномаи мактабҳои таҳсилоти миёна ҷорӣ карда шуд.
9.09.1933. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав нашриёти «Адабиёти кӯдакона» роҳандозӣ гардид.
9.09.1970. Дар СССР истеҳсоли мошинҳои сабукравӣ «Жигули» - ВАЗ- 2101 ба роҳ монда шуд.
9.09.1991. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Ин рӯз дар кишвари мо чун рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.
10.09.1918. Нерӯҳои армияи 5-уми Артиши Сурх таҳти фармони П.Славен дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри Қазонро ишғол намуданд. Ин аввалин пирӯзии Артиши Сурх дар рафти ҷанги шаҳрвандии Русия ба шумор меравад.
11.09.1988. Дар РСС Эстония забони эстонӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.
12.09.1934. Латвия, Литва ва Эстония иттиҳоди сиёсиро созмон доданд. Созишномаи иттиҳоди нав дар Женева ба имзо расид ва дар таърих бо номи Антантаи Балтикӣ маъруф гашт.
13.09.1953. Никита Хрушёв котиби якуми ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб карда шуд.
13.09.1959. Фазопаймои шӯравии Моҳ-2 аввалин шуда дар ҷаҳон ба сатҳи Моҳ фуруд омад.
13.09.1968. Албания аз Ташкилоти созишномаи Варшава берун омад.
СССР