28.09.1925. Дар СССР дастуруламал оид ба таъсиси милитсияи Коргарӣ-Деҳқонӣ қабул карда шуд.
28.09.1939. Дар рафти рафти Ҷанги ҷаҳонии 2 немисҳо пойтахи Полша-шаҳри Варшаваро тасхир намуданд. Худи ҳамин рӯз миёни СССР ва Олмони гитлерӣ «Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадот» ба имзо расид.
29.09.1938. Нишасти таърихии Мюнхен. Шаби 29.09.1938 сарони 4 кишвари аврупоӣ-Олмон, Итолиё, Англия ва Фаронса дар шаҳри Мюнхени Олмон ҷамъ омаданд ва Чехословакияро миёни Олмон, Полша ва Венгрия тақсим намуданд.
29.09.1941. Оғози кушторҳои оммавӣ дар Бабий Яри Украина. Артиши олмонӣ дар зарфи 2 рӯз дар сойҳои Бабий Яр (наздикиҳои Киев) наздики 60.000 одамро ба қатл расониданд. Бештари кушташудагонро яҳудиён, лӯлиҳо ва асирони Артиши Сурх ташкил медоданд.
29.09.1990. Дар РСС Қазоқистон ба навоҳии русзабони кишвар иҷозат дода шуд, ки забони қазоқиро ба ҳайси забони расмӣ тадриҷан то с.2000 ҷорӣ намоянд.
30.09.1967. Кайҳоннавардони шӯравӣ аввалин шуда дар ҷаҳон васли киштиҳои кайҳониро дар фазои кушоди кайҳонӣ амалӣ намуданд. 2 киштии кайҳонии шӯравӣ «Космос-186» ва «Космос-188» бо ҳам пайваст шуданд.
30.09.1984. Дар СССР душохаи (шарқӣ ва ғарбӣ)-и роҳи оҳани Байкалу Амур (БАМ) бо ҳам пайваст шуданд. БАМ яке аз бузургтарин роҳҳои оҳан дар дунё маҳсуб ёфта, дарозиаш 4287 км аст. Сохтмони ин роҳи оҳан аз с.1938 оғоз ва бо танаффусҳои тӯлонӣ с.1984 ба итмом расонида шуд.
1.10.1931. Дар СССР пахши доимии барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ гардид.
1.10.1938. Баъди имзои созишномаи Мюнхен Артиши олмонӣ вориди хоки Чехословакия шуд ва вил.Судети ин кишварро ишғол намуд.
Артиши чех дар баробари немисҳо ҳеҷ муқовимат накард.
1.10.1960. Дар СССР аввалин мошини тамғаи «Запорожетс» сохта шуд. Он миёни мардум «Кӯзапушт» лақаб гирифт ва яке аз сумбулҳои низоми коммунистӣ гардид.
1.10.1988. Дастаи мунтахаби футболи СССР барои аввалин бор ғолиби бозиҳои олимпӣ шуд. Футболбозони шӯравӣ дар бозии ниҳоӣ бо мунтахаби Бразилия вохӯрда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.
2.10.1929. Аввалин парвози тайёраи шӯравӣ ба самти Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ. Бисёриҳо ин парвозро ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ ба Помир ном мебаранд.
2.10.1936. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ муддати ниҳоии маҳбусӣ аз 10 сол то 25 сол зиёд карда шуд.
2.10.1940. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар Захираҳои давлатии меҳнатӣ созмон дода шуданд.
СССР