ХАБАРИ ДОҒ

Аз заҳролудшавии Горкий то таъсиси ҶХБ

  • Чоршанбе, Окт 06 2021

 

3.10.1968. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози тайёраи мусофирбари Ту-154 амалӣ гардид. Он яке аз маъруфтарин тайёраҳо дар хатсайрҳои собиқ Иттиҳод буд ва то ҳол бо муваффақият мавриди истифода қарор дорад.

3.10.1990. Дар ин рӯз Олмони Шарқӣ (ГДР) бо Олмони Ғарбӣ (ФРГ) пайваст гардид ва ҷудоии 45-солаи ин кишвар поён ёфт.

3.10.1993.Дар Маскав зиддияти тарафдорони президент Борис Николаевич Елтсин ва Шӯрои Олии Русия ба ҳолати даргирии ошкори мусаллаҳона мегузарад. Тарафдорони ШО муҳосираи Кохи сафедро рахна ва бинои шаҳрдории Маскавро тасарруф намуданд.

4.10.1957.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин парвози моҳвораи маснуии Замин ба амал оварда шуд.

4.10.1991.Роҳбарони тамоми ҷамоҳири собиқи СССР, ба истиснои ҷумҳуриҳои назди Балтик, созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

4.10.1992.Кунгураи халқҳои Қафқоз аз Русия ва Гурҷистон талаб кард, ки истиқлолияти давлатии Чечен, Абхазия ва Осетиёи Ҷанубиро ба расмият бишиносанд.

4.10.1993. Президенти Русия Б.Елтсин барои пиёдасозии фармони худ оид ба пароканда кардани Шӯрои Олии Русия ба Маскав нерӯҳои тонкии артишро ворид ва низомиёни артиши рус ба бинои парлумон ҳамла карданд.

5.10.1938.Дар СССР бо иттиҳоми заҳролуд кардани Максим Горкий, яке аз беҳтарин табибони рус-Дмитрий Плетнёв ба ҳабс гирифта шуд.

5.10.1952.Дар Маскав Анҷумани ХIX Ҳизби коммунист ба кори худ сар намуд. Дар он Ҳизби коммунист тағйири ном кард ва аз ВКП (б) ба КПСС табдил дода шуд.

6.10.1922.Пленуми КМ РКП (б) қарор оид ба шакли муттаҳидгардонии ҷамоҳири шӯравиро ба тасвиб расонид.

7.10.1949.Таъсиси Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР). Ин рӯз дар Олмони шарқӣ ҷашни миллӣ ба шумор мерафт ва Рӯзи Ҷумҳурӣ номида мешуд.

 

7.10.1966.Баъди муташанниҷ шудани муносибатҳои СССР бо Чин тамоми донишҷӯёни чинӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ берун карда шуданд.

7.10.1977.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Сарқонуни нав, ки Сарқонуни Брежневӣ номида мешуд, қабул гардид. Ин 3-умин ва охирин Сарқонуни аввалин кишвари Шӯроҳо буд.

8.10.1920. Баъд аз пирӯзии Артиши Сурх бар артиши Аморати Бухоро дар ҳудуди собиқ аморат Ҷумҳурии Халқии Бухоро таъсис дода шуд.

9.10.1989.Дар ТВи марказии СССР бори аввал ҷодугари маъруф Анатолий Кашпировский барнома иҷро кард. Аз ин ба баъд ҷодугарон ҷузъи таркибии оинаи нилгун дар СССР гардиданд.

10.10.1918.Кишварҳои Антанта ва ИМА ба Русияи шӯравӣ муҳосираи иқтисодӣ эълон намуданд.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter