ХАБАРИ ДОҒ

Аз ППШ то нутқи вопасини ГенСек

  • Панҷшанбе, Дек 23 2021

 

19.12.1946. Оғози ҷанги Фаронса дар Ветнам. Дар натиҷа, Ветнам ба 2 давлати мустақил-Ҷумҳурии демократии Ветнам бо пойтахташ дар Ханой ва Ҷумҳурии Ветнам бо пойтахташ дар Сайгон тақсимбандӣ гардид.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР-ш.Маскав меҳмонхонаи «Маскав» ифтитоҳ ёфт. Он яке аз бузургтарин меҳмонхонаҳои шӯравӣ ба шумор мерафт ва меҳмонони хориҷии пойтахти СССР дар ин меҳмонхона ҷой дода мешуданд.

20.12.1938. Дар СССР бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқӣ дафтарчаҳои меҳнатӣ ҷорӣ карда шуданд.

20.12.1944.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Академияи илмҳои тиббии СССР таъсис дода шуд.

20.12.1991. Бо қарори ҳукумати Русия Бонки давлатии СССР барҳам дода шуд ва тамоми дороии он дар ҳудуди РСФСР ба ихтиёри Бонки марказии РСФСР (Бонки Русия) гузашт.

21.12.1940.Артиши Сурх аввалин намунаҳои силоҳи автоматӣ «пистолет-пулемёти Шпагин» (ППШ)-ро дарёфт кард. ППШ, ки аз ҷониби силоҳсоз Георгий Шпагин сохта шуда буд ва бо тири 7,62 мм таҷҳизонида мешуд, яке аз муваффақтарин силоҳҳои автоматӣ дар ҶБВ ба шумор мерафт.

22.12.1943. ШКХ СССР матни нави Гимни давлатии СССР-ро тасдиқ кард.

23.12.1947.Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР 1 январ рӯзи идона ва истироҳат эълон карда шуд.

24.12.1989. Анҷумани дуввуми вакилони мардумии СССР бо қарори махсуси худ вуруди нерӯҳои Артиши шӯравиро ба Афғонистон, ки моҳи декабри с.1979 иттифоқ уфтода буд, маҳкум кард.

25.12.1917. Таъсиси РСС Украина. Украинаи шӯравӣ аз с.1922 то с.1991 дар ҳайъати СССР қарор дошт ва с.1991 истиқлолияти худро касб кард ва Ҷумҳурии Украина тағйири ном намуд.

25.12.1939.Дар матбуоти шӯравӣ телеграммаи ҷавобии Иосиф Сталин ба Гитлер ва Рибентропп нашр карда шуд. Дар он аз ҷумла омада буд: «Дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун васл шудааст, бояд дурудароз ва поянда бимонад».

 25.12.1991. Соати 19:00 Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев бори охирин аз ТВ марказии СССР баромад намуда, гуфт:

«Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти кунунӣ, яъне таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), ман фаъолияти худамро дар мансаби Президенти СССР қатъ мекунам».

26.12.1919. ШКХ Русияи шӯравӣ Эъломия оид ба маҳви бесаводӣ дар РСФСРро ба тасвиб расонид.

26.12.1922. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори ШКХ кассаҳои амонатӣ таъсис дода шуданд.

26.12.1974. Дар СССР бо қарори ҳукумат додани шиносномаҳо ба аҳолии деҳот иҷозат дода шуд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter