ХАБАРИ ДОҒ

Аз марги Каппел то маҳви кулакҳо

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

27.12.1917. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КИМ ва ШКХ қонуни назорати коргарӣ ба тасвиб расид.

27.12.1919. Дар шаҳраки Нижнеудинскийи Сибири Шарқӣ адмирал Колчак яке аз боризтарин чеҳраҳои муқовимати зиддиболшевикӣ ба ҳабс гирифта шуд. Болшевикон баъди чанде ӯро дар Иркутск ба қатл расониданд ва чорае ҳам ҷуз ин надоштанд. Яке аз содиқтарин пайравони ӯ, генерал Владимир Оскарович Каппел вақте фаҳмид, ки Колчак дар Иркутск асир шудааст, ба ёрии ӯ шитофт. Дар Сибири Шарқӣ зимистони қаҳратун ҳукмрон буд ва сафедҳо ба ин нигоҳ накарда, ҷониби Иркутск ҳаракат карданд. Каппел баъди чанде ҳангоми убури дарёи Кан бо асп зери ях фурӯ рафт ва 29 январ мурд. Аммо ин ҳам сафедҳоро боз надошт. Ба ҷои ӯ, генерал Войтсеховский фармондеҳ шуд ва артиши сафедӣ ҳаракати худро ҷониби Иркутск идома дод. Ахир, сармозадаву бемадор, ҳудуди 3-4 ҳазор аскари сафед 30 январ ба роҳи оҳан баромада, баъди истироҳати кӯтоҳ ба Иркутск ҳамла карданд. Набарди Иркутск яке аз шадидтарин даргириҳои ҷанги граждании Русия аст. Тарафҳо дар ин ҳарб ҳатто асир намегирифтанд. Билохира, сафедҳо хатти мудофиаи болшевиконро рахна карда, ба 7 км Иркутск наздик шуданд. Ба соати 12 фардои рӯзи дигар ҳуҷуми ҳалкунандаи Иркутск бояд сар мешуд, аммо чехҳои сафед ҳукумати болшевиконро дар Иркутск наҷот доданд. Чехҳо аз Войтсаховский талаб карданд, ки аз воридшавӣ ба Иркутск худдорӣ кунад ва дар сурати акс онҳо сӯи болшевиконро гирифта бо сафедҳо меҷанганд.

27.12.1929. Роҳбари СССР Иосиф Сталин оғози коллективикунонии сартосарӣ дар СССР ва гузаштан ба сиёсати «маҳви кулакҳо ҳамчун синф»-ро эълон кард.

27.12.1932. Бо қарори КИМ ва ШКХ дар СССР системаи паспортӣ ва бақайдгирии умумии аҳолӣ дар ҷои зист ҷорӣ карда шуд.

27.12.1979. Нерӯҳои вежаи ГРУ ва КГБ СССР қароргоҳи президенти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро дар Кобул ишғол намуданд.

 

30.12.1922. Таъсиси расмии СССР. Дар Анҷумани 1-уми умумииттиҳодии Шӯроҳо эъломияи таъсиси СССР қабул карда шуд.

31.12.1934. Дар Узбекистон канали калони Фарғона ба истифода дода шуд. Канал номи И.Сталинро гирифт ва яке аз сохтмонҳои муҳими СССР ба шумор мерафт. Он қисмате аз Тоҷикистонро низ обёрӣ мекард.

1.01.1934. Дар Ленинград яке аз болшевикони маъруф Сергей Киров ба қатл расид. Ба як ривоят куштори ӯро Сталин фармоиш дода буд, чун ӯро рақиби сиёсии худ медонист.

1.01.1940. РСС Озарбойҷон аз хатти лотинӣ ба кириллӣ гузашт.

1.01.1955. Дар СССР ТВи марказӣ ба пахши ҳаррӯзаи барномаҳо шурӯъ кард. 

1.01.1967. Дар ТВи марказии СССР барномаи хабарии «Время» роҳандозӣ шуд. Он дар тӯли мавҷудияти СССР ягона барномаи хабарӣ дар кишвар буд.

4.01.1955. КМ ҲКИШ қарор «Оид ба рӯзи ёдбуди В.И.Ленин»-ро ба тасвиб расонд. Дар қарор гуфта мешуд, ки «беҳтар аст ёдбуди Ленинро на дар рӯзи марг, балки дар рӯзи таваллудаш, яъне 22 апрел, ҷашн бигиранд».

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter